МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Яке навчаи сиёҳчарда буд; солим ва бақувват метофт. Дигараш – миёнақад, балки андак паст. Чунон ки нав аз бистари беморӣ хеста бошад, ранги рўяш заҳир менамуд.
Болои ин сахт мелангид.
– Ҷўраатро овардам, – гуфт Сиёҳчарда хандон ба майфурўш. – Рез ду стакан.
– Ту куҷо будӣ? – ба Миёнақад нигарист майфурўш.
– Напурс, – даст афшонд ў.
– Ба хайр аст?..
– Дар ҳар сурат зиндаам.
– Қариб як моҳ боз наменамоӣ...
– Тобам гурехт.
– Мелангӣ... Чӣ шуд?
– Баъд мегўям.
– Гир, – ба стаканҳои пур аз шароб хушҳол ишора намуд Сиёҳчарда.
Ва Миёнақад ҳамроҳи вай нўшида, азбаски пояш дард мекард, рафта ба курсии пушти миз нишаст. Сиёҳчарда ба як марду ду нафар зане ки дар бари пештахта истода, сигарета мекашиданд, кам-кам менўшиданд, аз ину он қадре гап заду боз ду стакан шароб гирифта, назди шарикаш омад.
Стаканҳоро болои миз гузошта, аз киса чор-панҷ қанди коғазпеч баровард.
– Оҳо! – гуфт Миёнақад, маъсум табассум карда.
– Ту чӣ гумон доштӣ... Мо киёнем, охир!
– Рост, мокиёнем, – хандид Миёнақад.
– Аз даҳонат шамол барад. Хурўсем мо, хурўс!
Вай дар рўбарўи шарикаш вазнин нишаста, оринҷҳояшро ба ду кунҷи мизи на чандон тоза такя дод. Ва ҳамзамон ваҷоҳаташ ба худ ифодаи ҷиддӣ гирифта:
– Акнун гап зан, – гуфт. – Ман дар он ҷо, дар кўча, дуруст нафаҳмидам: сабил монад, ҳаво гарм.
– Чӣ хел нафаҳмидӣ?
– Нафаҳмидам, вассалом!
– Зиёда аз як соат лақидему...
– Гуфтам-ку: ҳаво гарм. Мағзи кас меҷўшад-э! Хайр, гап зан. Чӣ шуд? Кӣ буданд онҳо?
– Кӣ мебуданд?! Аз афташон... ҳангиҳои қади кўча. Ҳоло пуранд ин гуна гавзўрҳо; шаҳр лаб задааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор