Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Воқиан, бо вуҷуди он ки миҷозҳои ў қариб ҳама ба якдигар шинос буданд, дар ин ҷо рўздармиён, ё ҳеҷ набошад, сечор рўз пас кашокашу кашталгириҳо низ рўй медоданд.
Майфурўш ҳушёр истода, пайваста мекўшид, ки чунин ҳолат рух назада, ба сахт гуфтан, ё лозим ояд, ба зориву тавалло пешашро бигирад. Фоида набуд ба вай аз дилсиёҳӣ – милиса меомад, гапу калоча мешуд, ҳўҷаин норозӣ ҷигот меандохт.
Ва охири охирон худи ўро гунаҳкор медонистанд.
– Ҷанҷол бас, – такрор мекард майфурўш. – То ҳанҷара серам аз тентакии шумо!
– Бас ки бошад, бас, – боз хандида, мегуфт аввалӣ. – Рез яктаи дигар!
– Албатта... бе ҷанҷол гаштан беҳтар, – мегуфт дуюмӣ.
– Ақлат расид, а?
– Аз ин ҷиҳат бениёзем.
– Худо зиёда набинад!
– Намебинад...
Дар майхонаи бисёр хурди сари кўчаи калон ҳамин тарз кор мекард майфурўш. Гоҳ шод буд вай, гоҳ ношод. Вале ҳаргиз наменолид аз тақдир. Рост-дия, ризқи кўдаконашро ёбад, кифоя!
Бар замми чор девор, дару тиреза ва сақфи пастаки фанериву фарши симентӣ, чӣ тавре дар боло овардем, боз ду мизу панҷ курсӣ дошт ин майхона. Аз баландии пештахтаи фарсуда як бодбезаки пояш шикаста фир-фир шамол медод.
Баъзан тоб хўрдани паррааш душвор гардида, садои гўшхарош мебаровард он. Як радиои хурди низ кўҳна гоҳ гап мезад, гоҳ суруду мусиқӣ мешунавонд. Хиросаш даме паст шавад, даме баланд мешуд. Ғайр аз ин дар майхона банкаҳои селитра буданд, ки майфурўш аз онҳо ба миҷозон шароб рехта медод; стаканҳои қиррадор буданд; чор-панҷ флягаи пур аз шароб ё акнун холӣ қатор меистоданд. Дигар чизе ки лоиқи махсус қайд кардан бошад, ба назар намерасид.
Майхона ҳеҷ гоҳ бе миҷоз намемонд. Яке равад, филҳол дуюмӣ меомад. Ва ҳамеша дар ин ҷо камаш... се-чор нафар ҳузур доштанд.
...Ана, дар кушода шуда, пасопеш боз ду кас ворид гардиданд.

пешина
аз 551
навбатӣ