Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мард гоҳо ҳазлу шўхӣ мекард. Ва занҳо механдиданд, сигарета мекашиданд.
– Ҷўраҷон! – гуфт Сиёҳчарда, ба қафо тоб хўрда..
– Лаббай, – ҷавоб гардонд майфурўш.
– Ба мо дутаи дигар рез.
– Ҳозир...
– Зиёд мешавад, – гуфт Миёнақад.
– Мастӣ? – пурсид аз вай Сиёҳчарда.
– Не-е...
– Пас менўшем!
– Охир...
– Гап якта!
Ва ҳангоме ки майфурўш стаканҳои холиро аз болои мизи онҳо гирифта, бозпас шароб оварда монд, ў ба шарикаш нигариста, гуфт:
– Акнун дастатро нишон деҳ.
– Дар бадам задӣ лекин, – хандид Миёнақад.
– Нишон деҳ, боз як бор бинам.
– Ана, – гуфт Миёнақад, кафи дасти чапашра қариб ба таки манаҳи ў бурда. – Бин, тамошо кун.
– Ваҳ, хок бар сарам! – нидо дардод Сиёҳчарда.
Воқиан ҳам сахт буд он ҷароҳат дар кафи дасти вай. Амиқ рафта, риму хунаш шах шуда, гирдаш ба чени даҳони стакан... кабудранг, ҳатто сиёҳ метофт.
– Ин баъди хеле нағз шудан...
– Палидони лаин! – дар таассуф калла ҷунбонд Сиёҳчарда.
– Азобе ки дидам, ошно...
– Ту ба онҳо ягон гап нагуфта будӣ?
– Не, хомўш ба раҳам мерафтам. Лекин кайф доштам.
– Бисёр нўшидӣ?
– Аз куҷо?.. Ҳамагӣ се стакан. Дар ҳамин ҷо нўшидам.
Хонаи як касро андова карда, сафед карда, чор-панҷ сўм ёфта будам. Табъам хуш, аввал бозор рафтам: картошка харидам, сабзиву пиёз харидам, нону равған гирифтам. Ҳамаашро хона бурда мондаму баъд ин ҷо омада, ба як кас-ним кас чақ-чақ карда, кам-кам нўшидам. Бегоҳ, вақте ки рўз хеле торик шуд...
– Баромада рафтӣ, – ба оҳанги дилсўзӣ сухани ўро идома дод Сиёҳчарда.

пешина
аз 551
навбатӣ