Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

...Дар замонҳои қадим ҷавони навхате аз кадом як чашмаи кадом як гўшаи олам Оби ҳаёт нўшида, умри абад ёфтани ҳазрати Хизрро аз забони падари мўйсафедаш шунида, пас аз андешаҳои зиёд...
Ба ҷустуҷўи он чашма баромад.
Дили поку нияти нек дошт ў!
Пои пиёда бисёр кўҳҳои осмонбўсу сербарфро пушти сар карда, аз бисёр дарёҳои хурду бузург гузашта, бисёр дашту биёбонҳои сўзонро дар азоби алим паймуда, баъд аз чандин зимистону баҳор...
Дар як канори ин дунёи гирдгардон…
Билохир ба сари Оби ҳаёт расид.
Ва хурсанд шуда, аввал хост, ки зуд ташнагӣ шиканад.
Вале ҳарос гирифт ўро.
Тарсид, ларзид...
Аз он тарсиду ларзид, ки ҳоло ин оби азизро нўшида, фақат худаш умри беинтиҳо меёбад.
Мақсадаш, охир, дигар буд!
Ҳар мушкиле ки бошад, вай мехост Оби ҳаётро ба одамон расонад; якҷоя ба онҳо нўшад. То ҳама баробар умри абад бинанд, маргро фаромўш созанд...
Дар банди чунин андешаҳо кўзаашро пури об карда, ба ҷаҳду ҷадал қафо гашт.
Вале акнун вай он ҷавони навхат набуд.
Умри беҳтаринашро дар кўи душвори Оби ҳаёт зарразарра ба боду борон ва гармову сармоҳо дода, қариб пир шуда буд.
Бо вуҷуди ин, дар як даст кўзаву дар дасти дигараш асо, пайваста қадам мезад.
Вай боз кўҳҳои баландро мегузашт, дарёҳои тезобу дашту биёбонҳои тафсонро мегузашт.
Ниҳоят...
Пири фартут шуда, дар ин раҳи беинтиҳо ва пурбим асояш сўзану кафшаш ғирбол гардида, ба кадом арчазор расид.
Ва аз ғояти хастагӣ хобаш бурд.
Ҳамин вақт аз куҷое як зоғи ташна парида омаду дар лаби кўза нишаста, ба даруни он нул зад; Хеле минқор зад.

пешина
аз 551
навбатӣ