МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Даме ки сер шуда, шоду бод ба ҳаво мехест, кўза чаппа гардид…
Обаш ба таки арча рехт!
Марди пир, ки дар замонаш ҷавони навхат буд, аз хоб бедор шуда, ин ҳолро диду аз зўри алам гириста-гириста, ҷон ба ҷаббор супурд.
Мегўянд, ки ҳамон боз зоғ сад сол...
Арча ҳазор сол умр мебинад.
Чунки Оби ҳаёт тақсим шуда буд.
Дар байни зоғ ва арча...
...Барқ ҳамчунон оташак афрўхта, раъд паёпай наъра мекашид.
Шохборон аз шасташ намегашт.
Арчаи бисёр пир ва танҳо дар кафи бақуввати шахи яклухт гоҳо такон хўрдаву аз нав ба худ омада, аз эҳсоси тарс раҳо намеёфт. Мабодо ки аз ин баландӣ сарнагун шавад, несту нобуд гардад!
Вай ҳоло беш аз пеш мехост ҳамвора дар ҳалқаи додарони зебояш бошад, дар паноҳи онҳо зинда монад...
Нохост шамшери барқ дар садои даҳшатангез ба фарқи шах давида, санги бузургеро аз ҷояш канду оварда, Ба танаи арчаи пир зад.
Он зарба то ҳаде шадид буд, ки вай ҳамоно ба як тараф хамбид.
Тапид, ларзид,..
Аммо дар чунин вазъи хатарнок боз қомат афрохт; ба раъду барқ ва боду борон боз дастбагиребон шуд.
...Ниҳоят субҳ дамида, тундар гўё ба хоб рафт.
Шохборон тадриҷан қатъ гардид.
Акнун ҳатто бод ҳам намевазид.
Инак арчаи пир наҷот ёфта, нафаси озод мегирифт. Ба монанди уқобе ки дар зери борон мондааст, оҳиста шоху барг афшонда, сар ба осмонҳо мекашид…
То зудтар чеҳраи гарми офтобро бинад.
Қиссаи ҷавони навхату Оби ҳаёт ва оқибати онҳоро вай намедонист.
Намедонисту…
Ҳама решаҳои дар синаи шахи бузург газ ба газ фурўрафтаи худро…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор