МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Тар буд арчаи пир!
Ғарқи оби осмонҳо буд...
Ва боз партави кабудфоми оташи барқ ба сўяш ҳамлавар мешуд.
Метарсид арчаи пир.
Метапид...
Вай дар кафи пурқуввати ин шахи баланд СОЛҲОИ дароз умр дида, боре ҳам ба чунин ҳол наафтидааст. На аз шўълаи барқ меҳаросид, на аз гулдуроси раъд меларзид, – гўё дурахши барқро намедид, садои раъдро намешунид.
Борон...
Чунин боронҳои сахт барояш ғизои беинтиҳо буданд; то хурдтарин решаҳояш расида, ба тану ҷонаш, ба ҳар шоху баргаш зўру тавон медоданд; умрашро дар бари ин шахи яклухт дарозу ҳаёташро бошукўҳ ва пур аз сурур мекарданд.
Лекин ҳоло...
Метарсад вай, бисёр метарсад.
Мабодо ки тўъмаи оташи сўзони барқ шавад; ё ин шохборони шадид ба гирди решаҳояш рахна андохта, аз фарози шах сарнагун созад...
Вай, охир, ба мурдан розӣ нест!
Чун як рўз, як сол, даҳ сол... сад сол муқаддам боз рўи гарми офтобро дидан мехоҳад; дар ин баландии баланд боду боронҳоро сипар шуда…
Ба чор ҳадди дунёи равшан хушу хурсанд назар дўхтан мехоҳад.
Боз...
Вай бисёр мехоҳад аз ҳоли арчаҳои дигар – Додарони саропо зебои худ, ки дар синаи кўҳи Фарҳод реша давонда, ба ин сангистони тира нуру сафо мебахшанд, пайваста огаҳ бошад.
Зеро аз ҳамаи онҳо калон аст…
Бародар аст.
Вай инро яқин медонад!
Аз оташи барқ тарсида, аз гулдуроси раъд ларзида, дар зери борони сахт шоху баргҳояш хамбида, ба чунин хаёлҳо мерафт арчаи пир.
АММО намедонист, ки ривоят мекунанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор