МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва онҳо аз нав хомўш монданд.
Навои дутор қатъ гардида, акнун ҳофизе дар сўзу гудоз суруд мехонд; суруди фироқ...
Дар сатҳи кўли кабуд заврақҳои рангоранг, ки баъзе аз онҳо бодбон доштанд, ҳамчунон ором шино мекарданд.
Марди эҳтимол коргар гоҳ-гоҳ ба дўсти мағмуми худ сабук назар афканда, хаёлманд сигарета мекашид.
Нохост нигоҳи ў ба об бархўрд.
Дар қариби соҳил, дуртар аз айвони кушоди чойхона, ки пояҳои он то ба қаъри кўл рафта, дар худ устувор меистоданд, рў-рўи оби дар ин ҷо сабзтоб, дар оғўши резамавҷҳои лағжон як қурс нони шикастаи танўрӣ маҳин-маҳин лапида, ҳайрон шино мекард. Вай фалла шуда буд. Канор наҷуста, гўё ба ҳалқа гирифта, дар гирдаш якта-нимта баргҳои бед, тор-тор алафҳои зери об, чўбчаву хаспораҳо ва ҳатто... пасмондаи ду дона сигарета, ки кадоме бепарво партофтааст, низ сабук печутоб мехўрданд.
Аз байн ягон дақиқа гузашта ё нагузашта, аз зери об моҳичаҳои бисёр хурд, ки аксарият ғужби ангури ҳусайнии дур аз ток тирашударо мемонданд, ногаҳон берун омада, аз чор тараф ба қурси нон часпиданд. Онро паиҳам тела медоданд.
Ба ҷаҳду ҷадал гоҳ савори резамавҷҳо шуда, гоҳи дигар ночор дар мобайн ғелида, як мағз-ним мағз бошад ҳам, аз гирди нон насиба мегирифтанд. Ҳарис буданд моҳичаҳо, чусту чолок буданд...
Ва он торафт мекост, хурд мешуд.
Даме ки қариб нисфаш монд, аз гавди кўл як моҳии нисбатан калон, дар ғафсӣ на камтар аз ду ангушт, тирвор боло ҷаста, худро дар байни моҳичаҳо зад. Ва селаи онҳоро зуд гурезонда, аз нон луқмае гирифту бозпас зери об рафт.
Вай ҷастан баробар моҳичаҳо дафъатан пайдо шуда, боз ҳам якдигарро тела дода, ба пораи нон дубора ҳуҷум оварданд. Нон мелапид, метапид; дар доираи талоши моҳичаҳо...
аз сари як резамавҷ ба сари дигаре мегузашт. Баъзан гирд мегашт, камтар поин мерафт. Ва аз нав рўи об баромада, аз моҳичаҳо лат мехўрд; гоҳо аз тазйиқи села чаппа мешуд. Ва ба такони резамавҷе боз боло меҷаҳид. Лекин аз калобаи он ҷонваракони ҳарис...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор