Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Раҳо наёфта, лаҳза ба лаҳза мекоҳид.
Марди эҳтимол коргар ҳамон ба кўл менигарист.
Дўсти зиёинамои ў низ аз гирудори моҳичаҳо хаёлманд чашм намеканд.
Баъд...
Он моҳии калон бори дуюм падид омад. Ва худро аз нав дар байни села зада, филҳол парешонаш карду ҳамоно ба пораи нон часпид.
Дар миёни якта-нимта баргҳои бед, тор-тор алафҳои тираи зери об, чўбчаву хаспораҳо ва ҳатто пасмондаи ду дона сигарета...
Вай онро аз бари резамавҷе то резамавҷи дигар тела дода, акнун танҳо худаш битамом фурў бурдан мехост, ки аз болои боми чойхона як моҳихўраки сафеди болҳояш хокистарранг «қиғ!» – гўён ба канори кўл хамбид.
Ва дар кўтотҳтарин фурсати боре мижа кашидан...
Он зўроварро ба минқори тезаш гирифта, фавран дар паноҳи ҳаво хест.
Пораи нони танўрӣ, ки ҳоло хурдакак буд, дар рўи оби сабзтоб мелапид; гўё метапид.
Сипас боз селаи моҳичаҳо берун омада, ҳамчунон ҳарису носерам... ба он дарафтоданд.
Ниҳоят пораи нон тамом шуд. Ба нестӣ рафт...
Ва моҳичаҳо низ нопадид гардиданд.
– Дидӣ? – пурсид марди дар эҳтимол коргар баъд аз қадре сукут ва пасмондаи сигаретаро дар хокистардон хомўш карда, ба пиёлаҳо чой рехт.
– Дидам, – гуфт нимғурма марди зиёинамо, ки ҳамон дар банди хаёл буд.
– Моҳичаҳои дар асл ҷасур агар натарсида, ҳама тифоқ шуда, он моҳии калонро сари вақт аз беинсофӣ бозмедоштанд, ҳоло маза карда, нонро фақат худашон мехўрданд.
– Лекин рост мегўӣ. Мо ҳам дар ҷои корамон агар тифоқ мебудем...
– Шавед, ба шумо кӣ халал мерасонад!
– Мушкил...
– Ғам нахўр, умри бадӣ таҳтан кўтоҳ аст.
– Кўтоҳ бошад ҳам, то мемурад, ки устухони кас сафед мегардад.

пешина
аз 551
навбатӣ