МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Бигузор гарданд.
– Дунёро олонда?!
– Ман аз раҳматӣ падарам ҳикояте шунида будам.
– Хайр...
– Вай дар бачагиам ба кадом муносибат маро панд дода, ҷиддӣ гуфта буд, ки боре дар ниҳоди як марди ширфурўш ногаҳон ҳисси фиребу ҳаваси пули бедардимиён боло мегирад. Ва саҳарӣ ба шираш қариб нисф об ҳамроҳ карда, пас бозор меравад... Ҳини бозгашт дар лаби рўде нишаста, ба ҳаловат дастурўй мешўяд, ширин-ширин об менўшад. Баъд ҳама пули он рўз ёфтаашро шумурда, қаноатманд ду тақсим карда, инаш пули шир, инаш пули об... гўён якеро ба киса меандозад, дигареро дар бағал мезанад. Ва хандида, хушҳол бармехезад. Лекин... ҳангоме қомат меафрохтааст, пули бағалаш афтида, ҳамоно ба об меравад. Мард гаранг шуда, дар канори рўд як дам меистад. Дар аввал қадре таассуф ҳам мехўрад. Ниҳоят... тавба, пули шир ба шир, пули об ба об будааст гуфта, дар банди ҳайрат даст меафшонад. Ва аз худ хиҷолат кашида, сараш хам, вазнин роҳи хонаашро пеш мегирад...
– Ва он мард дигар касеро фиреб намедиҳад. Ҳамин тавр?
– Шояд.
– Олам пури фасона!
– Худаш чӣ?
– Сарбаста мегўӣ.
– Аслан худаш ҳам фасона.
– Лекин рост.
– Ба ҳар ҳол мағзи ҳикояти раҳматӣ падари банда ин аст, ки маккорӣ, бухлу ҳасад, ҳаромхўрӣ, хиёнат, найранг ва ғайра хислатҳои пасти инсонӣ ҳеҷ гоҳ суд надоранд. Дар кадом сурате ки ба кор раванд, оқибат боз ҳамон як натиҷа – вой! Ҳатман...
– Медонам.
– Пас ин ҳикоятро ба вай нақл кун.
– Садқаи чунин панду андарз шавад он нобакор! Аздусар хулоса намебарорад... – боз даст афшонд марди зиёинамо ва як-ду қулт чой нўшида, табъаш хира, беихтиёр ба паҳнои кўл нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор