МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
аз ҳеҷ пастӣ рўй наметобад. Ҳафтае нест, ки баҳонаи росту дурўғ ёфта, айши маро талх насозад; ба асабам неш зада, умрамро сўҳон накунад... Касбаш – соф иғво, аризакашӣ, дасиса, тўҳмат. Дар идора ҳама аз вай метарсанд. Зеро медонанд, ки лозим ояд, ҳатто модари худашро аз ҳар ду сина меовезаду мижааш хам намехўрад. Раҳм, шафқат, виҷдон... эҳа-а! – аз ин чизҳо таҳтан хабар надорад.
Кофир асту бас... Хулоса, чанд сол боз ман дар панҷаи нопоки вай озор мебинам. Аз он боис, ки бемазҳабиву ноинсофӣ барин ҳама айбашро, кулли фиребу найрангашро фош мегўям... Ана баъд оташ мегирад, бештар аз паи қасос мегардад... Ҳамкорон ба ду чашми сар мебинанд, ки вай ҳеҷ гоҳ вазифаашро аз сидқи дил иҷро намекунад. Аммо дар маҷлису маҳфилҳо... ҳай-ҳай! – чунон булбул мешавад... Заҳматкаш, поквиҷдон, баору номус, ҷоннисор ва ғайра – танҳо худаш! Аз ин гуна шармандагӣ чашмони бозигарат сўрох шаванд, хуб нест?! Ҳатто раҳбарамонро муттаҳам кардан мехоҳад. Хулоса, одам не вай... бало! Балои моҳи сафар...
– Ҳамон раҳбаратон кӣ будани ўро намедонад?
– Медонад! Нағз медонаду илоҷашро ёфта наметавонад.
– Сабаб? Охир, қонуни меҳнат ҳаст дар ҷамъият, аз номаш коргар талаботи муайян ҳаст...
– Қонунро одамон тартиб медиҳанд. Одамони зинда...
– Яъне чӣ?
– Яъне ин ки, таҳташшуур бошад ҳам, аз барои рўзе осон шудани мушкили зоти худ дар ҳар кадоми он рахна низ мегузоранд. Ҳанўз ягон кори ҷаҳон мукаммал нест.
– Шояд, аммо ахлоқу одоб, ниҳоят адлу инсоф барин...
– Эҳа! – дубора сухани дўсти ба эҳтимол коргари худро бурида, бедимоғ даст афшонд марди зиёинамо. – Дар пеши ин қабил одамон аз адлу инсоф гап зану рўзатро бин! Ман ба ту гўям... вай мисли моҳӣ: ҳамин ки ба чанг афтид, бехабар мемонӣ, ки чӣ гуна липпӣ халос хўрда, фиғонатро то осмон бурда, боз ба об рафтааст...
– Қандашро занад! Ҳарчанд афсўс, ки чунин зотҳои касиф ҳамеша дар ҳаёти мо ҳастанд.
– Нестанд! Бошанд ҳам, аз ҳазор якта...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор