Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Синни онҳо тахмин аз чил гузашта, ба мўи сарашон тор-тор сафедӣ дамида буд. Ҳар ду ҳам – яке зиёинамо, дуюмӣ эҳтимол коргар... яқин аз қабили ашхосе буданд, ки пасту баланди зиндагиро хуб медонанд. Ва бе иллату миннат заҳмат кашида, ҳалолу покиза рўз мегузаронанд.
Дар катҳои дигар низ одамон ду-ду, се-се нишаста, байни ҳам сўҳбат ороста, гуфтаву хандида, фориғ чой менўшиданд.
Аз самаворхона ба гўш нолаи пурсўзи най мерасид, ки аз ишқи бадфарҷому чароғи мурдаи фарде ҳикоят мекард...
Сипас ба атроф навои дилситони дутор паҳн гардид.
Муассир буд садояш, ҷоншикор буд.
Қурси офтоб рў ба қуллаҳои баланди кўҳсор оварда, тадриҷан сурх шуда, пора-пора абрҳои сафеди дар роҳаш лангар ниҳодаро сўзонда, чун ҳама вақт...
Ба ғуруб мерафт.
Ва гармо аз шасташ мегашт.
Насими фазои кўл, ки дар муқоиса ба ҳавои даруни шаҳр албатта форам аст, акнун, дар ин бегоҳи айёми саратон, боз ҳам форамтар мешуд.
Чойхона пур аз лаҳни мусиқӣ буд, пур аз сўҳбати гарму шодмонӣ...
Марди зиёинамо ва дўсти дар эҳтимол коргари ў баъзан арақи сару гардани худро ба рўймолча пок карда, ҳамон чой менўшиданд; чои сабзи ташнагишикан, хушбўй... Ва бештар хомўш буданд.
Дар сатҳи муҷаллои кўл ҳар ҷо-ҳар ҷо заврақҳои зард, сурх, сабз...
Ором шино мекарданд.
– Вай чӣ инсон аст, ман ҳеҷ нафаҳмидам, – гуфт марди зиёинамо, ки тақрибан ним соат қабл маддаи дилашро кафонда, то алҳол вазнин сукут меварзид.
– Худат медонӣ, панҷ панҷа баробар не... Одамон ҳам дар дунё ба ҳар ранганд. Зиёда ғам нахўр... – гуфт андешаманд дўсти эҳтимол коргари ў ва пиёлаи чойро дар болои қолин гузошта, аз киса сигарета баровард.
– Медонам, ҳатто ана... мебинам, ки панҷ панҷа баробар не. Лекин обро ин қадар лой карда, моҳӣ доштан чӣ? Беинсофӣ ҳам, сабил монад... ҳад доштагист! То ба ягон мақсади ифлоси худ расад, ё ягон каси ба табъаш номақбулро азоб диҳад, каждум...

пешина
аз 551
навбатӣ