МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Иброҳимов маҷбур фуромад.
Ғанӣ дигар чизе нагуфта, ба ҷояш гузашт ва дари мошинро сахт пўшида, даст ба чанбари фармон бурд. Газик такон хўрда, ба раҳи омадааш баргашт.
Ин кори Ғанӣ маро лол карда, дар як ҳолати ногувор андохт. Вай хомўш мошин меронд. Ман намедонистам ўро чӣ тариқ ба гап гирам.
Ниҳоят, ҳангоме ба нишеби Сакиртма расидем, Ғанӣ...
тавре ки ба худаш мегуфта бошад, дар алам ба забон овард:
– Тавба! Ғирбол ба офтоба хандидааст, ки сўрохи бисёр дорад. Мисли ин вай ҳам ба ман механдад. Раис, а!.. Ҳеҷ не ки нафси бадашро лаҷом занад. Масалан, ҳоло дар мошин гўшти як гўсфанд ҳаст. О ин сирф ғорат-ку!
– Хайр, ака, асабӣ нашавед. Гоҳ чуну гаҳ чунон гуфтаанд, – ўро тасаллӣ додан мехостам ман.
– Тоқатам оқибат рафт, додар. То кай виҷдонамро дар азоб монда, дуздиҳояшро даму дуд ба хонааш бурда медиҳам? То кай ғуломи зархарид барин дўғу дарангашро бардошта мегардам?!
Ба ман як лаҳза чунин намуд, ки ин гуфтаҳои Ғанӣ дар қаъри дилаш кайҳо ба низом даромада, то берун шаванд, фурсати муносиб меҷустанд ва ҳоло...
Пасу пеш рў гирифта, аз дарди вай ҳикоят мекунанд.
Қариби субҳидам ба манзил расидем. Ғанӣ мошинро дар қади раҳ нигоҳ дошт. Ва халтаи гўштро сари китф андохта, ба қадамҳои устувор сўи биное рафт, ки дар пештоқаш «Шўъбаи корҳои дохилӣ...» навишта шуда буд.
Дилам ноҳамвор тапида, ман дар эҳтироми зиёд ва як хайрхоҳии омехта ба изтироб аз қафои ў нигоҳ мекардам.
1967
ТАЛОШ
Дар як бегоҳирўзи моҳи саратон, баъде ки офтоби сўзон соатҳои дароз шаҳрро тафсонда, ниҳоят ба ғуруб мерафт, ду марди аз овони мактабхонӣ ба ҳам дўст дар чойхонаи айвонаш кушоди лаби кўл нишаста, бафурсат чой менўшиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор