МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Хаёлам, ки дар чашмони мешиаш аз ботин партави як аланга рў гирифта буд.
Иброҳимов, чун оташе ки ба ғарами хас печидааст, аз дамаш намефуромад. Аҷаб коре! Ман ҳам бехабар мондаам кулоҳи вай куҷо рафт.
– Ту барин шофирҳои қайсарро дар ин умри худ бисёр дидаам. Қариб ҳамаашон ба ман ақл шудан мехостанд. Лекин онҳоро дар ҷояшон чунон шинондам, ки то алҳол ба по хеста наметавонанд. Туро ҳам...
– Ин қадар натарсонед, – ба заҳрханди ошкоро таҳдиди ўро бурид Ғанӣ.
– Ман туро аз турма одам шуда омадагист гуфта, риши сафеди падаратро ҳурмат карда, аз дари раҳм ба кор гирам, ту ҳанўз ҳамон Аҳмади порина будаӣ...
– Шумо ба турма шудани ман кордор набошед. Гуноҳ ки доштам, ҷазоямро дидам.
– Рост мегуфтаанд: хар ба Макка равад ҳам, хар аст.
Ғанӣ даршаст тормозро пахш карда, як лаҳза ба Иброҳимов чашм дўхт. Мисле ки нафрати худро вай ба ҳамин нигоҳ баён доштан мехост. Пас ҷаста аз мошин фуромад; дари онро аз тарафи Иброҳимов кушод ва дона-дона карда, гуфт:
– Ту, охир, аз ман сад бор бадтар-ку! Дузд ҳам ту, ҳаромхўр ҳам ту, занакабоз ҳам ту... Агар ихтиёри ман мебуд, ба дастат фақат каланд медодам. Фуро аз мошин, зудтар! То ҳамин вақт тоб овардам – бас, об аз сарам гузашт.
– Ту сагбача чиҳо мегўӣ?
– Худат сагбача! Аммо рафту ман сагбача бошам ҳам, ҷавобгари ин мошин ҳастам. Бигузор хўҷаини ғадангашро дар куҷоҳо партофта омадааст гуфта, боз турма кунанд. Фуро гуфтам ба ту, фуро-оо!
Иброҳимов, ки эҳтимол гумон надошт моҷаро то ба ин дараҷа мерасад, аз ваҷоҳати Ғанӣ якбора ҳушёр шуд. Дар рўи фарбеҳи суп-сурх ва чашмони тангаш аломатҳои тарсу ҳарос падид омаданд.
– Заданӣ ҳастӣ?
– Фуро гуфтам!
– Майлат, гир аз гиребонам, зан. Лекин пагоҳ ба худат душвор мешавад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор