МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Газик равшании тези чароғҳои худро, ки синаи зулмотро дарида мерафт, дунбол мегирифт.
Аз байн қариб ним соат гузашт.
Иброҳимов, ки яқин маст шуда буд, сарашро ба лаби тирезаи вози мошин такя дода ва хур-хур нафас кашида, бепарво хоб мекард. Шамоли раҳ соябони кулоҳи хасинашро мунтазам бозӣ медоронд.
Як вақт ў бедор шуда, даст ба сараш бурд ва парешон ба Ғанӣ нигариста, тунд пурсид:
– Канӣ?
– Чӣ канӣ? – нафаҳмид Ғанӣ.
– Кулоҳам канӣ мегўям, кулоҳ...
– Ман надонам...
– Ту кай боз намедонистагӣ шудӣ? Очаи зори ту барин намедонистагиро нишон медиҳам!
– Чӣ ин қадар мағал мекунед?! Ман, охир, кулаҳбони шумо не-ку...
– Набошад, ту кистӣ?.. Дониста мон, бача: ба ман шофире ки кулоҳи соҳибашро намедонад, дар ду дунё лозим не.
Худи пагоҳ кафшатро ба пешат рост мекунам. Ана баъд чор тарафат қибла. Лекин ҳозир... аз таки замин бошад ҳам, кулоҳи маро меёбӣ.
– Шамол бурдагист. Дар ин зулмот аз куҷо ёбам?
– Меёбӣ!
– Шаб аз нисф гузашт... Ман надонам, ки он сабил дар кадом гўр афтид.
– Ту бисёр машмаша накун, бача... Забонат хеле дароз шудагӣ барин, а?! Барои ман кўтоҳ кардани ин хел чизи касиф ҷудо осон... Мошинро қафо гардон!
– Раис... рафиқ Иброҳимов, – гуфт ба тамкин Ғанӣ, – худатон медонед, ки занам касали вазнин. Имрўз мехостам барвақттар расам, ваъда карда будам. Чашмаш чор будагист... Агар розӣ бошед, пагоҳ аз магазин ягон кулоҳи нав харида медиҳам. Илтимос, тезтар равем.
– Ман ҳоло аз ту тамаъ кардам? Аз ҳисоби ту шофири чиркин ба ин сари азиз пўшам, а?.. Бас, ландаҳур, қафо гардон. Тезтар! – дўғ зад Иброҳимов.
Ғанӣ ноилоҷ мошинро пас гардонд. Дастонаш қадре меларзиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор