МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Дар оташдоне ки аз мобайн гирд кофта буданд, ҳезуми бурс часар-часар сўхта, бўи хуш мебаровард. Дар болои алав ба чўби заранги дар ҳаччаҳои ду бари оташдон андармон қумғони пуробе овезон истода, сахт меҷўшид. Дар атрофи алав озод чорзону зада, Иброҳимов ва боз панҷ нафари дигар менишастанд.
Баъди он ки ба ману Ғанӣ аз пеши дар ҷой нишон доданд, марди ришдор ба Иброҳимов наздик шуда, оҳиста чизе гуфт.
Иброҳимов низ ҷуссаи ногунҷонашро дар болои кўрпача андак ғундошта, ба гўши вай пичирос зад.
Чўпонҳо дарҳол зиёфат оростанд.
Иброҳимов гўшти бараи ҳил-ҳил пухтаро ба иштиҳо фурў мебурд. Шахси аз тарафи росташ нишаста (мардак сарчўпон будааст) ба вай аз чойники пахтагул кам-кам арақ кашида медод. Ва худро чунин вонамуд мекард, ки онҳо чой менўшанд. Ҳар ду ба алфози қабеҳ ҳозиронро гоҳ-гоҳ дар мазоҳ низ мегирифтанд.
Марди ришдор наменамуд.
Вай тахмин пас аз як соат пайдо шуда, ба Иброҳимов дар тамаллуқи ошкоро:
– Тайёр, – гуфт ва сари зону нишасту аз табақ поре гўшт бардошта, кордашро аз ғилоф кашид.
Иброҳимов, ки дар дасташ пиёлаи арақ буд, ба ҷониби Ғанӣ такдор нигарист ва ба ишораи чашм ҳамон мардро нишон дода, нимғурма гуфт:
– Ин кас қатӣ як берун баро.
Марди ришдор гўшти гирифтаашро, ки ҳанўз ба даҳон набурда буд, дар лаби дастархон гузошт ва тохта хест.
Ғанӣ ҳамроҳи ў аз каппа баромад.
Фурасти як пиёла чой нўшидан нагузашта, Иброҳимов бархост. Аз паи вай ман ҳам ба по шудам.
Чўпонҳо Иброҳимовро то назди мошин гусел карданд.
Марди ришдор он ҷо дар паҳлуи Ғанӣ меистод. Ҳангоме савор шудем, ногоҳ ба димоғам бўи гўшти хом нишаст. Баъде ки сарчўпон ба Иброҳимов даст дода, сафари бехатар хосту ба тарафи ман, ақалан аз рўи таомул, ҳатто назар наафканд, Ғанӣ мошинро ба кор андохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор