Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас аз он ки тахмин понздаҳ-бист километр тай задем, Иброҳимов, гўё аз хоби ғафлат бедор шуда бошад, ба Ғанӣ рўй ниҳода:
– Қафо гардон, – гуфт. – Саримаск меравем. Сабил монад, қариб буд фаромўш кунам.
Ғанӣ аз чунин амри ногаҳон як лаҳза даступо хўрда, газикро дар шаст пас гардонд.
Ба замин пардаи нилгуни шом мефуромад.
Ба чеҳраи сиёҳтоби Ғанӣ ҳам, ки раҳораҳ ба ман аз ину он гуфтугў мекард, хафагӣ соя афканда буд. Вай дигар гап намезад. Дар ҳолате ки панҷаҳои шахшўли шамоллесидааш чанбари фармонро маҳкам медоштанд, андешаманд ба пеш менигарист.
Вақте мошин ҷониби Саримаск гашта, ба дараи танге дохил шуд, атрофро торикӣ фаро гирифта буд. Раҳ пурчангу вайрон. Хамгаштҳои хавфнок ва нишебу фарозҳои носози он Ғаниро бесаришта мекарданд. Газик аз зери шахҳои овезоннамо ва харсангҳои ғелам-нағелами дара чун косапушт хазида, вазнин ба кўҳи Фарҳод мебаромад.
«Дар бемаҳал мардак ба ин тарафҳо чӣ кор дошта бошад? Шояд назди чўпонҳо равад?» – меандешидам ман, як ба Иброҳимову як ба Ғанӣ нигариста. Зеро касони чорводор дар фасли тобистон рамаҳои худро одатан ба марғзорҳои салқину сергиёҳи бағали кўҳсор меронанд.
Гумонам рост баромад.
Иброҳимов дуртар аз се-чор каппае ки дар қариби кўрроҳаи пурсанг воқеъ буданд, мошинро боздошта, оҳиста фуромад; рў ба онҳо дар салобат ва бешитоб қадам партофт...
Ва филҳол ба пешвозаш марде баромад, ки ман дар партави равшании дами дар ришу бурути сиёҳи ўро хира мушоҳида кардам. Мард ба ду дасти адаб Иброҳимовро истиқбол гирифта, ба каппаи аввал ҳидоят намуд.
Ман ва Ғанӣ, ки ҳамчунон хомўш менишаст, дар мошин танҳо мондем.
Ин ҷо ниҳоят серун буд. Боди сарде ки аз қуллаҳои баланди рўбарў сарозер мевазид, пайкари касро меларзонд.
Пас аз фурсате марди ришдор омада, моро ҳам зуд ба сўи он манзил бурд.

пешина
аз 551
навбатӣ