МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Пас мутаҳайир гумон мебарам, – баҳр низ бемор аст,
кўр аст!
1987
ШАБЕ ДАР РОҲ
Сайроб, сайри об...
Дар ҳақиқат номи деҳа ба худаш муносиб афтидааст.
Ривоят мекунанд, ки дар замонаш мардуми гирду атроф ин ҷо ба сайри об меомадаанд. Чун ба як идгоҳ...
Сайри об... Шояд сари об бошад?
Ҳоло ҳам ду чашмаи калон-калони дуртар аз чанори солхўрда, ки аз онҳо қариб ним санг оби сарду зулол ҷорист, пур аз моҳианд. Ҷонварон ҳама якранг буда, бемалол шино мекунанд, аз ҳузури одам ҳаргиз намегурезанд. Мегўянд, ки то имрўз ба ин моҳиҳо дасти инсон нарасидааст. Ва аз ҳама аҷибаш – дар бадали солҳо калон ё хурд шудани онҳоро низ касе намедонад.
...Чангу гарди либосамро афшонда, дар поиноби чашмаҳо дастурўй шустаму ба умеди ягон мошини раҳгузар дар хараки назди чойхона нишастам. Аммо қасд кардагӣ барин аз ин мавзеи ҳамеша серҳаракат ҳоло мошине намегузашт. Газики қаҳваранг, ки ҳангоми аз автобус лакот фуромаданам дар ҳамвории қади кўча меистод, ҳанўз дар ҷояш буд. Ҳеҷ не ки зоте ба наздаш ояд.
«Соҳиби он дар куҷо бошад?» – ба андешаи шояд то Бойсун равад, аз дил гузарондам ман.
Ҳамин дам аз ошхонаи рўбарў чор кас берун омаданд.
Яке аз онҳо ҷавони лоғарандоми миёнақад буда, дар тан куртаи чорхонанусхаи остинкўтоҳ ва шими хокистарранги обшуста дошт. Се нафари дигар дар либоспўшиву фарбеҳӣ як себи ду тақсим буданд.
Онҳо сўҳбаткунон оҳиста-оҳиста ба газик наздик шуданд.
Ҷавон, ки бе шубҳа ронанда буд, дари мошинро кушода, ба ҷониби ман як назар андохту ба ҳамроҳонаш чизе гуфта, дар қадамҳои устувор наздам омад ва хушҳол салом дода, фавран

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор