Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Эҳтиёт бош, писар. Мо аз носомониҳои зиндагӣ худамонро худамон бемор мекунем. Ҳа-а, худамон… Хайр, худо ёрат бод!
– Ташаккур, – гуфтам ман ба хаёли парешон.
Пирамард боз оҳ кашид ва ҷуссаи вазнинашро гўё кашола карда…
Бар дўшаш бори гарони беморӣ, Дар гўшаш садои марги ногузир…
Ба раҳе пой монд, ки ҷониби фароз мерафт.
Ман аз қафои ў дер гоҳ назар кардам.
Ва чашм пўшидам…
То вазъи аввалаи худро дарёбам. Вале дигар натавонистам ба он оромиву ҳаловат, ки чанд дақиқа пеш ҳузураш маро муяссар гардида буд, аз нав пайванд бигирам.
Чашм кушодам, –
Офтоб тобону осмони болои баҳр мусаффо.
Раҳе ки пирамард ба он мерафт…
Дар азоб мерафт,
То худи фароз холӣ.
Кўчабоғи сафедорони баланд ғарқи сояву салқин…
Нохост диламро як панҷаи оҳанин гўё ба қабза гирифт; тахтаи синаам каме ба дард омад. Ва ман дар ҳасрат фикр кардам, – Фардо ба Душанбе рафта, боз аз паи ташвиши зиндагӣ мешавам; боз ба ҳамон коре машғул мегардам, ки аз бало бадтар мебинам; аз якрангиҳои муҳит пайваста азият кашида, боз намедонам сарамро ба кадом санг занам; аз дарди маоши андак, ки ба он аҳли оилаамро таъмин кардан ҳеҷ мумкин нест, дарун-дарун боз ғам мехўрам.
Ба қавли пирамард фардо ман ба дунёе меравам, ки аз носомониҳо дар зиндагӣ одам худашро худаш бемор мекунад. Худаш…
Ҳоло чӣ?
Дар мадди назарам баҳри бекарон метобад.
Баъд пирамарди беморро мебинам, ки аз марги лобуд ниҳоят метарсад.
Ва он марди нобиноро, ки на дар чеҳраи қадре заҳираш, на дар ягон ҳаракаташ чизе раҳмовар вуҷуд надошт. Вай муҷассамаеро мемонд саропо аз муҳаббат ва эътимод...

пешина
аз 551
навбатӣ