МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ин ҷоро нахустин бор соли чилу чор дидам, – гуфт пирамард. – Маҷрўҳ шуда, яъне тир хўрда… дар госпитал мехобидам. Падарам аз худи Таллин хабаргирӣ омад. Намедонам аз дидори ман… ё сабабаш дигар буд, ки ба ҳар ҳол гирист. Биҳишт дар он дунё не, ана… дар ин ҷо будааст гуфта, оби дидаашро пок кард. Хуллас, вай гашта рафту ман қарор додам: то дами марг дар соҳили ҳамин баҳр мемонам. Ва мондам. Баъд хонадор шудам. Акнун худат мебинӣ… умрам мисли бод мегузарад. Се писар тарбия кардам, панҷ набера дорам. Айни вақташ, ки дар сояи давлати онҳо рўзи равшан бинам. Лекин… гирифтор шудам оқибат – беморӣ сахт азоб медиҳад. Базўр мегардам…
Пирамард якбора гирист.
Ман даступо хўрдам, – чӣ хел ўро дилбардорӣ кунам?
Кайҳо боз аз гуфтани суханҳои муқаррарӣ, ки аслан сарданд, беҷонанд…
Даст кашидаам.
Ғайр аз ин оё сухан метавонад ғами инсонро пурра таскин бахшад?
Не-е-е…
Ман беихтиёр ба ашки пирамард шарик шудам.
Аммо табиат…
Он манзараи зебое ки мо ба вай рўбарў менишастем, аз дарди пирамард хабар надошт, парво ҳам намекард – суруд мехонд, механдид, меболид.
Ва хушбахт буд.
– Мурдан намехоҳам, – гуфт пирамард. – Умри одамизод ин қадар кўтоҳ!
«Бале, бисёр кўтоҳ», – нолаи ўро дар дил мусаллам донистам ман. Ва лаҳзае дар қайди андеша монда, ақида кардам:
эҳтимол маънии зиндагӣ низ дар ҳамин бошад, ки инсон хуб мефаҳмад – умраш чун барқу бод…
Меояду шитобон мегузарад!
Ў бархост.
– Ман акнун равам.
Ва аз харак як-ду қадам дур шуда, мисли он ки чизе ба ёдаш омада бошад, таққӣ истоду…
Ба ман рўй овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор