МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Гўё карахт мегардад, шах мешавад. Ва аз кадом гўшаи вуҷудаш як садои бесадо бармеояд: кош то охири умр аз ин вазъи ҳаловатбахш берун намерафтам!
Аҷаб ширину андешавор буд оромии кўчабоғ.
Заврақҳои бодбондори сатҳи баҳр…
Шабпаракҳоеро ба хотир меоварданд, ки болҳои худро бардошта, ба ҳам ҷафс кардаанд.
Дар хаёлам як қувваи бузурги осмонӣ маро ба мағз андар мағзи олами сукут ва ҳаловат қарор дода буд…
Ногаҳон дар паҳлуям пирамарде нишаст. Хирос мезад.
Нафас аз гулўяш ба азоб ва номураттаб берун меомад. Тани хомфарбеҳаш яқин роҳат металабид.
Чунон ки ба нафасгирии худ гўш меандохта бошад, лаҳзае чанд хомўш буд пирамард. Сипас як оҳи вазнин кашид ва эҳтимол дигар ба тазйиқи сукунат тоб наоварда, нарм пурсид:
– Дам мегирӣ?
– Бале, – нохоҳам ва кўтоҳ ҷавоб гардондам ман.
Охир, ҳаловати худро аз даст додан аламангез мебуд. Пирамард ба он рахна заданӣ…
– Хуб мекунӣ, – гуфт ў, дубора оҳ кашида. – Ман ин ҷо наменишастам, ба ту халал ҳам намерасондам. Лекин… хаста шудам. Пиригарӣ, мадорам намондааст.
– Шинед… бемалол, – гуфтам ман.
Ва машғуш аз дил гузарондам, ки хайр…
Гап занад; ҳар қадар бештар гап занад, ҳамон қадар зудтар меравад.
Ниҳоят маро ба ҳоли худ ва оромии атроф…
Танҳо мегузорад.
– Биҳиштанд ин ҷойҳо; биҳишти ҳам ин дунё, ҳам он дунё, – гуфт пирамард, ки нафас гирифтанаш акнун ҳамвор мешуд.
Ман ҷавоб надодам, фақат беэътино сар ҷунбондам.
– Биҳишт, – оҳиста такрор кард ў. Ба дараҷае оҳиста, ки гўё метарсид – ҳоло ба даҳонаш мезананд.
Ман мижа кашидам.
Ба он маънӣ, ки хоҳиши лаб кушодан надорам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор