МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Лекин…
Ҳангоме ки аз пастиву баландиҳои зиндагӣ дилтанг шуда, равонам тазйиқ меёфт…
Ман чашмонамро пўшида, он марди нобиноро пеши назар медидам. Ва аҷаб – баҳр ҳам дар хаёлам нобино метофт.
Кўр метофт.
Шояд дар ҳақиқат чашми басират надошт. Бинобар ин…
Мавҷҳои беҳисобашро паёпай ба соҳил меандохт.
То раҳораҳ бидонанд, ки санг чисту харсанг куҷост.
…Баъди ҳашт сол инак ман боз дар канори Баҳри Сиёҳ истироҳат мекунам…
Ҳаво гарм буд. Чанд рўзи охир ҳатто аз сӣ дараҷа боло мешуд. Дар сатҳи баҳр мавҷе ба назар намерасид. Обаш ҳар ҷо-ҳар ҷо ҷило дода, як оинаи бузурги беҳадду канорро мемонд, ки аз қазо шикаста, Ба ҳазорон пора тақсим гардидааст.
Ва агар мижа назада, то даҳ-дувоздаҳ дақиқа ба он чашм дўзед, дар пеши чашматон тадриҷан ранг бадал мекард, – сияҳгун мешуд.
Аз шинои тўлонӣ гўшҳоям ғуввос зада, ба соҳил баромадам. Аммо хаёлам, ки дар соҳил низ баҳр оҳиста алвонҷ медод маро…
Баданам хушк шуда, ба ҳамлаи нурҳои тези офтоб дигар тоқат карда натавонистам. Ва маҷбур либос пўшидам; аз миёни онҳое ки тани урёни худро дар болои реги гарм, Дар зери анвори сўзон…
Лоқайд тоб медоданд, дар шитоб гузашта, Ба кўчабоғи сафедорони баланд дохил шудам. Он ҷо саросар сояву салқин буд. Хоҳише надоштам, ки ягон тараф равам. Масалан, ба тарабхона, ба сайри кўҳ, ба тамошои филм… Умуман коре кардан намехостам.
Аз ин рў ба як хараки пуштакдор нишаста, чашмонамро пўшидам. Муддате пас монанди пари қу сабук шудам. Ва дар торикӣ рангинкамонро дидам.
Гўё баръало…
Гумон бурдам устухони фарзанди одамизод ҳамеша чунин сабук ва худаш аз рўзи азал хушбахт аст.
Воқиан, инсонро баъзан ҳолате рўй медиҳад, ки дарундарун меболаду дигар ҳеҷ чиз намехоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор