Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЗИНДАГӢ

Марди нобино қариби офтобшинам ба соҳил меомад. Регу сангрезаҳои гарм дар зери пояш мулоим ғиҷирос мезаданд…
Вай гўё шах шуда, ба садои баҳр ҳушёр гўш медод. Ва чеҳраи каме заҳираш ба талоши мавҷҳо эҳтимол ҷавоб мегардонд: то абад силсила бошед, аз ҳам канда нашавед!
Агар ба шарафи баҳр ягон ҳайкали ёдгор гузоштан лозим меомад, хоросанги бузургеро ман ба сурати маҳз ҳамин марди нобино табдил медодам…
Вай кафшашро ба як савқи табиӣ аз пой мекашид; ҷуробашро ҳам кашида, таҳ карда, батартиб болои он мегузошт.
Ва оҳиста…
Ба об медаромад.
На дар чеҳраи коҳидааш, на дар ягон ҳаракаташ чизе раҳмовар набуд.
Ман баҳрро медидам…
Вай онро мешунид! Ва табиаташро, гумон мекардам, аз ман беҳтар ва бештар медонист…
Сиррашро амиқтар мефаҳмид. Тахминам, ки ҳатто метавонист онро ифшо созад.
Чаро ў ба соҳил фақат қариби бегоҳ меояд? Дар куҷо зиндагӣ мекунад? Ба кӣ?.. – кунҷковиам боло гирифта, ба худ чунин суолҳо медодам.
Ва баъзан маро дар дил хоҳише пайдо мешуд, ки аз паи ў рафта, ба ин ҳама суолҳо ҷавоб ёбам.
Вале марди нобино батамкин қадам монда, аз соҳил чунон ҷиддӣ дур мегардид, ки ман филҳол аз хоҳиши худ даст мекашидам. Бигузор ин сир бароям ниҳон монад…
Дар яке аз рўзҳои пайваста офтобӣ, тарафи бегоҳ – вай, охир, ҳамин вақт ба соҳил меомад – ман ўро надидам.
Бегоҳи дуюм ва сеюм низ…
Ва аз чӣ бошад, ки пай бурдам: вай дигар намеояд.
Ҳамин тавр рўзгори бароям номаълуми як марди нобино аз бари ман ба муаммо гузашт. Мисле ки соат ба соат умри одамӣ мегузарад…
Аз он айём ҳашт соли дароз сипарӣ шуданд. Ва муддати ин солҳо дар ҳаёти ман воқеоти зиёде рух доданд.

пешина
аз 551
навбатӣ