МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Чашмонаш...
Лекин чашмони бодомии сип-сиёҳ ва мисли чоҳ амиқи ў ғамандуд метобанд.
Мард боз оҳ кашид.
Дар берун барфи парешон меборид. Поғаҳои калон-калони сафед, ки пати кафтарро мемонданд, дар чанги ҳаво печутоб хўрда, беозор ба замин мефуромаданд. Шохаҳои урён ва сияҳгуни дарахтони рўи ҳавлӣ...
Дили мардро, ки аз хоб хестан баробар қариб ним соат ба тарбияи бадан машғул шуда, худро бардам ҳис мекард, инак қадре фишор медоданд, сим-сим ба дард меоварданд.
«Бахташро ёфта бошад?» – пичирос зад ў зери лаб. Ва дар як варақи барф барин сафеди дафтари болои миз беихтиёр чунин навишт:
Ба пиндорам, ки дунёи мани хурд,
Ҳама дарди дили дар изтиробам,
Набуд беш аз пати кафтар, ки ҳоло
Бипечад дар дами боди ҳавасҳо...
Инро навишту аз худ шарм дошт.
Вай, охир, шоир не, балки коргар аст, як коргари қаторӣ – бетон мерезад, хишт мечинад, андова мекунад... На вазнро медонад, на қофияро. Лекин баъзан ҳамин тарз, шояд барои тасаллои ҳавои дилаш...
Нанавишта наметавонад.
Боз...
Гоҳо сурат ҳам мекашад.
«Бахташро ёфта бошад?» – хаёлан гашта ба сўз такрор кард мард.
Омехта ба як дарди аз овони кўдакӣ дар тану ҷонаш қарин басо муассир буд ин такрор.
Қаламро дар ҷояш гузошта, вай оҳиста бархост.
То ки ба ошхона рафта, чой монад. Ҳамин замон духтарчаи мактабхонаш бедор мешавад. Занаш дар сафар...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор