Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дили писарак, гўё ба он нештар зада бошанд, сахт тапид.
Ва ў...
Тохта ба ошхона рафту ним сатил барин шушкиро оварда, аз тирезаи як табақааш кушода рост ба сари мард рехт.
Вай дод гуфта, ба боло нигарист.
Писарак паллаи тирезаро зуд маҳкам карду дам ба дарун гирифта, ноҷунбон нишаст.
Пас аз дақақае мард:
– Кушо, лаънатӣ, кушо!.. – гўён дари хонаи онҳоро думушта кўфт.
Вале писарак, дар ҳолате ки аз ғояти тарс дили афгораш дар қафаси сина қариб метаркид, дарро накушод.
Бегоҳи ҳамон рўз мард – вай яқин каме ором шуда буд – ба падару модараш шикоят кард.
Ва писарак дар ҳузури ў гап шунида, танбеҳ гирифта, аламаш зиёда гардиду:
– Ин кас одами ганда. Ганда, ганда... – гуфта, ба чашмонаш ашк давид.
Пас дартоз ба хонаи дигар гузашт ва худро ба рўи ҷогаҳ партофта, оби дидааш шашқатор, болинро сахт газид, ки фиғонаш набарояд...
Як пагоҳ боз чироси зан баланд гардид. Шавҳараш боз ҳам зишт мегуфт, ўро боз ҳақорат мекард; дар чанги садои гўшхарош боз зарфе шикаст.
Ва баъд...
Аз нав хомўшӣ ба миён омад.
Писарак дар пеши тиреза музтариб истода, ноилоҷ ва талх мегирист.
Рўзи истироҳат буд он рўз. Падару модараш ҳамроҳи амаки меҳрубони вай, ки шаби гузашта бисёр хурсанд ба шаҳр омад – то писаракро дар айёми таътил ба деҳаи дурдасти қўҳистон, ба назди бобояш барад... – соате қабл аз паи бозорӣ рафтаанд.
...Писарак аз тиреза дур нашуда, ба ҳоли зан ашк мерехт; ба ҳоли худаш ҳам. Панҷаи дастаконаш гиреҳ, дили қўчакаш моломоли дард...

пешина
аз 551
навбатӣ