МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Писарак дарун-дарун азоб мекашид; ашк нарехта, хомўш мегирист. Аз он ки хурд аст, камзўру лоилоҷ аст. Вагарна...
Дар бадали як-ду моҳ дашноми бепардаи марду шикастани зарф ва чиросу гиряҳои талхи зан боз чанд бор такрор гардиданд.
Акнун писарак хобу хўрро фаромўш карда буд. Рангаш рўз то рўз заъфарон ва худаш беш аз пеш лоғар мешуд. Падару модар ҳоли ўро дида, аз аввала зиёдтар месўхтанд.
Оқибат... дигар тоб оварда натавониста, як бегоҳ мардро танбеҳ доданд, ки минбаъд ин хел накунад – ба занаш даст набардорад, фарзанди бе ин ҳам ҳассоси онҳоро натарсонад!
Аммо...
Ҳеҷ суде набуд. Талошу пархоши ҷуфти ҷавон зуд-зуд идома меёфт.
Писарак ҳайрон мемонд.
Чунки вай он зани зеборо, ки баъзан дар хонааш аввал фарёд зада, пас дуру дароз мегирист, дар кўча, ё дар саҳни ҳавлӣ хушу хурсанд медид. Қомати на пасту на баландаш нозук, гесувони марғуладораш атрогин, чеҳраи бенуқсаш хандон. Чашмонаш...
Лекин чашмони сиёҳи чоҳ барин амиқ ва бо вуҷуди кўшишҳои зан ғамандудаш саропои писаракро ҳар дафъа ба як меҳри бехалал навозиш мекарданд.
Барои чӣ?
Вай худаш надониста, соҳиби он чашмони бодомиро инак дўст медошг.
Шабҳо ғарқи обу арақ гардида, қариб ҳазён гуфта, қомати ниҳолу гесувони хушбўяшро хоб медид. Рўзҳо аксаран дар пеши тиреза истода, дар банди риққат раҳ мепоид. Ва тез-тез гиряаш меомад.
Бале...
Худ бехабар, писарак ба вай дил баста буд!
Ва ҳар қадар он занро дўст дорад, шавҳарашро ҳамон қадар бад медид. Ба тамоми ҳастиаш мехост, ки ўро ҷазои сазовор диҳад. Барои зан, барои ашки талху чашмони мудом ғамгинаш...
Як рўз, ҳангоме дар хона танҳо монда, аз тиреза хаёлманд боз ба берун менигарист, нохост назари писарак ба мард афтид, ки ҳар ду даст ба пушт, лапон-лапон ба раҳрави пеши иморат наздик мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор