МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ҳамин гуна буд писарак!
Ва ба чунин хислати доимиаш дар синфи чорум мехонд, ки баҳорон аз қабати дуюми бинои онҳо як хона холӣ шуд.
Марду зани ба мўйҳояшон сафедӣ дамида ва хушфеъл, ки серфарзанд ва ба ў ниҳоят меҳрубон буданд, кўчида... ба қасабаи дигар, ба манзили васеътар рафтанд.
Рафтанду...
Пас аз ягон ҳафта ҷои онҳоро ҷуфти барои писарак тамоман ношинос гирифт.
Зану шавҳари ҷавон...
Вай оҳ кашид.
Агарчи зан ба як дидан дар дилаш хуш омад, аз мағзи ҷигар оҳ кашид. Зеро... аз чӣ бошад, ўро бадбахт пиндошт.
Баръакси шавҳараш зан бисёр зебо буд. Ҳангоме ки хиромон раҳ мерафт, ду гесуи қир барин сиёҳ, занҷир барин печону дароз ва хушбўи вай дар ҳавои қадаммониаш банизом бозӣ карда, қомати ниҳолвор нозукашро боз ҳам дилангез ба ҷилва меоварданд; чеҳраи чун шири багулоб марғубаш ғарқи табассум...
Вале чашмонаш,
Чашмони сиёҳи бодомӣ ва ниҳоят меҳрубони ў мағмум метофтанд; аз пушти мавҷи ба монанди ҳарири сафед шаффоф ва нозуки шодмониву лабхандаш ба атроф андешманд ва қадре парешон менигаристанд.
Шояд барои ҳамин писарак ўро бадбахт пиндошт.
Эҳтимол барои ҳамин изтиробаш дуболо гардид.
Ва боз... Ягона шуғли писандидааш – сураткаширо баногоҳ тарк намуд.
...Рўзе аз хонаи зану шавҳари ҷавон аввал як ғалоғула бархост. Сипас ба гўши писарак овози баланди мард расид, ки носазо мегуфт, ҳақорат мекард. Фурсате нагузашта дар он ҷо чизе, шояд зарфе ҷарангосзанон шикаст. Баъд фарёди зан баланд гардида, оҳиста-оҳиста ба гиря табдил ёфт. Баъд...
Дигар садое шунида нашуд.
Ва олам гўё ях баст.
Писарак дар банди ҳаяҷони сахт монда, рў-рўи хона ноором қадам мезад.
Падару модараш гоҳ ба вай, гоҳ ба ҳамдигар суоломез чашм давонда, намедонистанд чӣ кор кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор