Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо дар мактаб нағз мехонд.
Муаллимонаш мегуфтанд, ки вай бисёр баадаб, ростқавл ва муҳиммаш – ҷонибдори ҳақиқат аст.
Дар воқеъ...
Ҳамин хел буд писарак!
Мешуд, ки ягон рафтори нозеби бачаеро дида – хоса агар дар ҳаққи духтарак бошад, – аввал ба сухан танбеҳ медод.
Мабодо... он бача ба гапаш эътибор накарда, баръакс худи ўро дар зери ҳақорат гирад, пас дигар тоқаташ намонда, камзўр бошад ҳам, ба гиребони вай сахт мечаспид.
Писарак медонист, ки ҳаргиз ғолиб намеояд – шатта хўрда, баданаш, дасту рўяш сурху кабуд мешаванд, ё аз ин ҳам бадтар – даҳону биниаш ғарқоби хун мегарданд. Нағз медонист...
Лекин гиребони беадабро сар намедод.
Ва дар як ҳоли зор ба хона расида, падару модарашро беш аз пеш обу адо мекард.
Писарак бар замми он ки дар мактаб ба баҳои аъло мехонд, боз...
Сурат мекашид.
Бисёр хуб сурат мекашид.
Дар байни тасвирҳои ў беш аз ҳама модараш…
Ва офтоби бузурги рахшону духтарчаҳои чилкокул ба назар менамуданд. Вай онҳоро дар кадом вазъе ки бошанд, хандон ба қалам медод.
Аммо худаш...
Ками дар кам механдид. Ғолибан хаёлолуд мегашт. Ҳатто баъзан... вақте ки дарс тайёр мекард, ё ягон китоби бадеӣ мехонд, ногаҳон аз ҷой хеста, пеши тиреза мерафту гўё шах шуда бошад, беҳаракат истода, Ба одамон,
Ба ҳавзи бетонии гоҳ пуробу гоҳ беоб...
Ва ба дарахтони рўи ҳавлӣ...
Муддатҳо чашм медўхт.
Чунин менамуд, ки ў пайваста дар изтироб аст; чизеро фаромўш кардаасту дар сад азоб ба хотир овардан мехоҳад; ё гуноҳе дораду ботинан сўхта, намедонад онро чӣ тавр аз падару модараш пинҳон созад...

пешина
аз 551
навбатӣ