МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Модасаг рост аз пешониаш тир хўрда, баробари қади худ ба ҳаво хест. Ҳангоме ки гўшҳояш чиппӣ гирифта, гашта ба замин меғалтид, хира-хира аввал ҳамон марди тирарўй ва хода барин дарозро дид, ки дар даст туфанг дошт; ба сари мили он ҳалқа-ҳалқа дуди сафед мепечид. Баъд мўйсафедро дид, ки аз дар баромада, айвонро тозон гузашта… ба душмани вай наздик мешуд.
Сипас Ало, алоякаш аз мағзи ҷигар фарёд кашид. Ва рўзи равшани баҳорон дар дидаи модасаг тира гардид.
1985
ИШҚИ АВВАЛ
Писарак дар синфи чорум мехонд. Вай як бачаи резаустухон, рангаш ҳама вақт каме парида, ниҳоят шармин ва камгап буд. Бештар танҳоиро хуш мекард. Ба ҳар гуна бозиҳои ҳамсолонаш, ки аксаран дар саҳни ҳавлии бинои дуошёна ба шўру шааф сурат гирифта, баъзан соатҳо давом меёфтанд, қариб тамоман шарик намешуд.
Аз ин ланҷиву дамдуздии ў падару модараш ғусса хўрда, ҳамеша мекўшиданд ягона фарзанди онҳо солим, ба мисли бачаҳои дигар хандону чаққон, кушодадил, ҳазлкаш ва ҳозирҷавоб бошад.
Бинобар ин...
Ҳар коре ки аз дасташон меомад, ба ҷон иҷро мекарданд – барояш хел-хел тўбҳои чармӣ, дучарха, чана, дурбин ва ғайра ашёи ба кўдакон хушоянд мехариданд; номашро ба рўйхати бачаҳое мегузаронданд, ки дар мактаб ё дар дигар ҷойҳои махсус ба тарбияи бадан машғул буданд.
Гоҳо ба чашмонашон ашк давида, онҳо тавалло мекарданд: вай зуд-зуд ба саҳни ҳавлӣ барояд – ҳавои тоза хўрда, дар қатори ҳамсолонаш бихандад, бидавад, гўштин гирад...
Ё ҳеҷ набошад, субҳгоҳон дар хона ба варзиши бадан пардохта, тадриҷан бақувват шавад.
Писарак сар ба зер афканда, оҳиста «хуб» мегуфту боз...
Ҳамон тавре ки буд,
Дар дунёи баасрори худ танҳо мемонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор