МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Гоҳ аз думи мўйсафед мегашт, гоҳ аз паи гурба метохт, гоҳи дигар, аксаран гушна мондан пас, дар гирду пеши модараш тор метанид. Мешуд, ки нохост худро ба миёни мокиёну чўҷаҳо зада, дар як лаҳза фиғонашонро мебаровард...
Аз ин бесарии Ало зуд-зуд қаҳраш ояд ҳам, модасаг бисёр мехост, ки вай мудом дар паҳлуяш бошад, мўйсафед ўро ба касе надиҳад.
Лекин...
Дер давом накард рўзи хуши онҳо!
Як саҳар ҳамон марди тирарўи чашмони тангаш хокистарӣ ва бурути маллааш ба ду тараф овезон, ки ҳоло модасаг аз вай қасдашро гирифта натавонист – раҳмаш омад, бале, раҳмаш... – дар ин ҷо пайдо шуда, ба мўйсафед хеле гап зада нишаст. Вақте ки бозпас мерафт, Ало баногоҳ аз паяш давид. Мард як баргашта, ба вай таҳдид кард...
Беақл буд Ало!
Ба таҳдида ў эътибор надода, мўзаашро бўид; дум ликонда, тохта аз пешаш гузашт; баргашта худро аз нав ба мўзаҳояш молид...
Ва ба зарби яке аз ҳамон ду мўзаи сиёҳ фиғони ҷонхароше бароварда, чун тўб рафта ба девор зад. Пасон нақши замин гардида, боз – ин дафъа пасттар – фарёде кашиду ҳамоно хомўш монд.
Модасаг, ки баробари зарбаи мард аз ҷой ҷаста буд, ба чанд ҷаҳиш худро назди бачааш расонд.
Вале...
Акнун ҷон меканд Ало, балки мурда буд!
Мард наменамуд.
Мўйсафед дуртар аз модасаг моту мабҳут меистод...
Ҳамин тавр шуда буд дар он чоштгоҳи офтобӣ.
Ҷонвар Алоро мебўиду мегирист, мебўиду мегирист.
Ҳоло низ сар ба рўи дастони бемадораш гузошта… бачаҳояшро, махсусан алоякашро ба ёд оварда, хомўш ашк мерезад.
Дар рўи ҳавлӣ касе нест. Осмон баланд, мусаффо, кабкабуд. Офтобаки баҳорон нарм-нарм нур мерезад. Ҳама ҷо ором, тоза, об задагӣ барин...
Ногаҳон гулдуроси туфанг баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор