МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Мард бархост... – мўйсафед аз ҷой хезонд ўро!
Бархосту гоҳ ба сўи модасаг ва гоҳ ба соҳиби вай нигариста, дар қаҳру заҳр баланд-баланд чиҳое гуфта...
Яқин таҳдид карда, дастонаш хуншор, гиребону остинҳояш дарида, шитобон аз дарвоза берун рафт.
Мўйсафед қафо гашт.
Ба айвон баромада, хаёлманд каме истод. Сипас ба ҷониби модасаг як назар давонду аз чӣ бошад, ки беҳол даст афшонда, оҳиста ба хона даромад.
Саҳни ҳавлиро сукунат гирифт.
Ҷонвар танҳо монд. Вай дир-дир меларзид. Нафасаш тангӣ карда, ёрои ҷунбидан надошт. Чашмонаш ғарқи об, дунёро тира медид. Дили бадардаш хала мезад; бенизом тапида, қариб мекафид.
Ҳавлӣ сокит буд.
Модасаг сар ба рўи дастонаш гузошта… чун мурда беҳаракат мехобид. Дар гўшаш гуп-гупи ноороми дили афсурда, вай ҳоло бачаҳояшро ба ёд меовард.
Дар ин ҳавлии батартиб, дар паноҳи мўйсафеди меҳрубон ҷонвар се маротиба бача кард.
Имсол ҳам мезояд.
Ҳа-а, зоиданаш наздик... Вале акнун бачаҳояш дар куҷо бошанд, ба дари киҳо мегарданд, чӣ рўз доранд?
Ҳар сол, ҳамин ки ҷигарбандонаш чашм кушода, қувват мегирифтанд, мўйсафед онҳоро якта-якта бароварда, ба одамон медод. Модасаг аввал зиқ мешуд; пас оҳиста-оҳиста ба танҳоии худ одат карда, то метавонист, дар хизмати соҳибаш мегашт.
Порсол...
Порсол ҳам вай ба азоб зоид.
Баъде ки чор бачаи зебояш чашм кушода, дар атрофи модасаг парвона шуданд, ба дари хонаи мўйсафед яке аз паи дигаре боз одамон омаданд.
Ва боз онҳоро гирифта бурданд.
Фақат алоякаш монда буд.
Шўх буд Ало! Орому қарорро намедонист. Аз субҳ то шом дар саҳни ҳавлӣ давидаву ғелида, хурсандӣ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор