Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мард ҳамчунон даступо зада, фарёд мекашид, имдод металабид; ҷонварро гоҳ аз сари синаву гоҳ аз пешонии паҳнаш тела дода, илоҷи халосӣ меҷуст.
Модасаг...
Вай паст намеомад.
Дастони мардро газида, гиребону остинҳои курта ва камзўлашро дарида, ҷандала мекард, ки ҳар чи зудтар ба хирнои ў дандон занад.
Ҳамин тавр онҳо ду ё се дақиқа часпу талош доштанд. Лекин на мард аз зери пойҳои модасаг раҳоӣ меёфт, на модасаг ўро аз хирнояш мегирифт, – гўё дар панҷа андохтан ҳар ду баробар буданд.
Бо вуҷуди ин ҷонвар аз нияти худ намегашт.
Нохост аз тарафи хона овози мўйсафед баромад:
– Нарас, Холдор, нарас! Сар деҳ, Холдор, сар деҳ! Нарас гуфтам...
Ва модасаг ғазабаш бадтар аланга гирифта, дар ҳайрат дид, ки мард якбора хомўш шуд. Вай дигар муқовимат намекард. Чашмони хокистариашро калон-калон кушода, ранги рўяш пахта барин сафед, ба дандонҳои тези модасаг менигаристу аз ҷой намеҷунбид. Гўё ноилоҷ монда, «раҳм кун, аз гуноҳам гузар...» – мегуфт ба ҳамон чашмони пур аз тарсу тавалло.
Инчунин мўйсафед:
– Нарас, Холдор, нарас! Сар деҳ... – гўён дар арбада ба вай наздак мешуд.
Модасаг як дил кард, ки то расидани соҳибаш…
Ба хирнои он марди бераҳм дандон фишурда, ниҳоят аз ў қасдашро гирад. Фурсат ғанимат, охир... Вале аз нав ранги кандаву чашмони қариб мурдаи душманашро дида, аҷаб, ки ба ин кор ҷуръат накард.
Ё аз нидои таҳдидомези мўйсафед тарсид?
Балки раҳми худаш омад?
Шояд боз ягон чизи дагар ба вай монеъ гардид?
Намедонад...
Ба ҳар ҳол ҷонвар аз шасташ гашт ва марди рўяш тираву чашмонаш акнун беҳисро дар ҳамон вазъ партофта, соҳибашро, ки ба онҳо тамоман наздик омада буд, чап дода, мингосзанон ба як кунҷи ҳавлӣ хазид.

пешина
аз 551
навбатӣ