МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Куҷо шуд вай?
Модасаг дар интизори душманаш лўнда гардида, ба даруни охур мехобиду аз зўри қаҳр ва ҳисси оташини қасос дили пурғамаш сахт-сахт метапид, – гўё ғулғула мекард.
Ҷонвар он айёмеро, ки дар ҳавлии мўйсафед хушу хурсанд мезист, ба ёд оварда, дар аввал ҳамааш нағз буд, мегуфт ба худ ҳасратомез, лекин баъд...
Айшаш талх шуд баъд. Ҳамин марди тирарўй талх кард айши ўро. Одам не вай, балки як балои қазо буд.
Ҳоло барояд, ҳоло аз пеши ин охур гузарад... Мўйсафед ўро албатта то дарвоза гусел намекардагист.
Рафту гусел кунад, чӣ?
Не-е, не!
Модасаг медонад. Медонад, ки муомилаи соҳибаш ба он марди бадгуҳар сард шудааст.
Ё ба назараш ҳамин тавр метобад?
Ҳаргиз! Модасаг ба чашми худаш дида буд – мўйсафед ду-се бори охир то таки дарвоза гусел накард ўро. Яқин вай ҳам он марди хода барин дароз ва нигоҳаш дами корд барин тезро бад мебинад...
Ҳа-а, бад мебинад! Чунки вай ҳам як сол муқаддам шоҳиди сангдилии фарзанди одамизод буд.
Модасаг рагу паяшро бештар дарҳам кашида, боз нолид; нолиду нолид. Чашмони сурхаш ҳамчунон тар...
Ногаҳон шарфаи пой баромад. Ҷонвар гўш ба қимор шуда, ақида кард, ки танҳо як кас меояд.
Душманаш.,.
Вай акнун қариб нафас нагирифта, қариб нақши замин гардида, дар зери бори бисёр гарони интиқом, ки омехта ба дарди бедаво буд, раҳ мепоид.
Шарфаи пой наздиктар мешуд.
Дандонҳои модасаг гўё меёзиданд.
Пас шарфаи пой аз паҳлуи охур гузашт. Ва модасаг...
Парид!
Париду марди тирарўй сахт афтида, ба тамоми овозаш дод гуфт. Вале модасаг, ки дар ин лаҳза аз чашмонаш оташак меҷаст, асло натарсид. Баръакс – ба ҳар ду пои пеш ўро бештар ба замин пахш карда, мехост аз хирнояш гирад; дандонҳои тезаш ташнаи қасос буданд, ташнаи хун...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор