МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
1973
ДОҒ
Дарвозаи мўйсафед кушода шуда, ба саҳни ҳавлӣ боз ҳамон марди тирарўи чашмони хокистариаш танг ва бурути маллааш ба ду тараф овезон, ки вақтҳои охир ба ин ҷо хеле кам меомад, оҳиста қадам монда, ба чор тараф назар давонд. Модасаг ўро зуд шинохт ва дандон сафед карда, як ғуриду ҷаста ба по хест. Вале ҳамин дам мўйсафед аз хона баромада, ҷонварро, ки сахт ба ғазаб омада буд ва акнун худро ба сўи он марди тирарўй андохта, ниҳоят доғи дилашро шустан мехост, баногоҳ аз шасташ гардонд. Ва меҳмонро пешвоз гирифта, ба хона даровард.
Модасаг боз як ғуриду аламаш зиёда шуда, гашта дар ҷояш дароз кашид.
…Порсол инҷониб мўйсафед ба вай халал мерасонад. Дар ин муддат бори чандум аст, ки модасаг он марди чашмонаш танг ва буруташ овезонро дар ҳамин ҳавлӣ мебинад, аммо коре карда наметавонад. Чунки мўйсафед ҳамеша ҳозиру нозир шуда, ба вай ҳатман халал мерасонад...
Хайр, ҳоло мебаромадагист!
Модасаг сари вазнинашро, ки беист ғуввос мезад, ба рўи дастонаш гузошта, дандонҳояш фишурдаву чашмонаш нам, дер гоҳ ба дари хонаи соҳибаш нигарист. Хаёлаш ба рўзҳои гузашта пайваста, нолиду нолид, оҳ кашид, гирист.
Наход вай, ҳеҷ набошад, ўро нагазида... аламашро наситонда, аз ин дунёи равшан чашм пўшад?
Не, не-е!
Баъд модасаг бархоста, оҳиста-оҳиста пеши дарвоза рафт, ки дар он ҷо як охури қўҳна буд. Лаҳзае ба қафо нигариста, касеро надид, шарфаеро ҳам нашунид…
Ва худро ба даруни охур гирифт. Замонаш буд... аз ҳамин охур аспи хушфеъли муйсафед обу алаф мехўрд. Ҳоло муддатҳост, ки дигар он аспи пир наменамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор