МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Баъд пилки чашмони саҳлнам ва торики мўйсафедро молида-молида, дар як азоб нимкора пўшиду аз сари болини ў оҳиста бархост.
Пиразан наменамуд.
– Додо, додоҷон... – мегирист Воҳид.
– Гиря накунед, додар. Марги падару модар мерос, – гуфт Тўрон-тракторчӣ ва дақиқае хомўш монда, илова намуд: – Хезед, тараддудатонро бинед, ман рафта пойкорро меёбам.
Вай кўча баромад. Ранги шаб парида, гирду атроф ором ва ҳаво салқин буд. Дар машриқ, аз канори осмони алҳол сияҳфом, дар байни ситораҳои сард ва тиратоб… як ахтари калони оташин танҳо дурахшида, ба замин наздик менамуд.
«Ситораи рўз», – гуфт ба худ Тўрон-тракторчӣ ва лаҳзае ба он чашм дўхт.
Ҳамин вақт аз ҷониби кўҳ боди сарсарии тирамоҳ вазида, ба рўи вай нофорам расида гузашт. Гузашту нури кавкаби дурахшон низ, чун чароғе ки дар раҳи шамол мондааст, як авҷ карда, зуд нопадид гардид; атроф ториктар шуд.
«Сабил... ситораи корвонкаш не... корвонкуш будааст, фиреб хўрдам, ҳоло субҳ надамидааст», – аз дил гузаронд Тўронтракторчӣ ва мўйсафедро, ки дар ин ҳангом аз хотираш рафта буд, боз ба ёд оварда, ногаҳон дар сараш хаёле ҷасту ҳайратомез гашта ба осмон нигарист: дар он ҷо акнун ситораҳо тобонтар буданд.
Ба ў чунин намуд, ки аз як ҷиҳат зиндагии мўйсафед ба дурахши назарфиреби ахтари корвонкуш шабоҳат дошт. Лекин аз кадом ҷиҳат, – Тўрон-тракторчӣ дар ин хусус фикр накард. Аниқтараш... фикр кардан нахост ва тез-тез қадам партофта, ба тангкўчае даромад, ки то манзили пойкор мебурд. Вай раҳ мепаймуду торафт дилаш фишурда мешуд.
Бечора мўйсафед... Баъд дар мадди назараш сурати гарми Олимов падид омад. «Ҳар кӣ бошад, беҳуда кўшидааст», – мегуфт ў, хаёлманд пешониашро молида.
«Рост, беҳуда! Ситора... ситораи фиреб», – пичирос зад Тўрон-тракторчӣ, хотираш парешон, дар миёни торикии тангкўча сабук даст афшонда.
Вай тадриҷан ба ҳавлии пойкори деҳа наздик мешуду фарқ карда наметавонист, ки дилаш дар ёди кӣ ин қадар реш аст ва аз барои чӣ ҳоло чашмони аслан тезаш ба ғафлат хира гардида, пеши пояшро дуруст намебинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор