Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мўйсафед ҳолатро фаҳмида, ба имову ишора боз чанд дақиқа ғурунг-ғурунг кард ва базўр соатро гирифта, хост ба кафи дасти Тўрон-тракторчӣ гузорад. Вале он аз байни ангуштони борикаш, ки акнун ба ў итоат надоштанд, дар партави чароғи шифт хуш ҷило дода, ба рўи гилем афтид.
Мўйсафед як бор сахт нолиду дигар лаб накушод. Фақат ин ки чашмони фурўнишастаашро зич пўшида, хаш-хаш нафас мекашид.
Тўрон-тракторчӣ ҷонсарак шуда, ба ҳалқи мўйсафед каме об чаконд; соатро аз болои гилем бардошта, ба дасти Воҳид қапонд.
Вай онро бурда, беэътино ба пештахтаи тиреза монд.
...Мўйсафед, чунон ки аз тарс бошад, тахмин ду соат пас чашм кушода, мутаҳайир ба сақфи хона нигарист. Пилкҳои заб-зардаш андак париданд. Баъд... аз байни лабони ба ҳам ҷафсаш як садои пасти ҳазин берун омад, ки на ба нафас монанд буд, на ба оҳ...
«Даргузашт, ҷояш ҷаннат шавад», – гуфт дар дил Тўронтракторчӣ.
Кампири мўйсафед, ки аз ин ҳодиса гўё тарсида, лаҳзае чанд ҷунбида наметавонист, мисли гунги мудом дам назада, ба Тўрон-тракторчӣ як пора суф дароз кард. Вай онро гирифта, манаҳи ҳамсояи деринаш Назарро ба эҳтиёт баст. Сипас ба пилки дидаҳои бози ў, ки мамлу аз ифодаҳои ҳайрату пушаймонӣ шах шуда буданд, мулоим даст бурд. Аммо ҳарчанд ду-се бор кўшид, чашмони полудаи мўйсафедро пўшида натавонист.
«Ё тавба! – нохост марги дўсташ Олимовро ба ёд овард Тўрон-тракторчӣ. – Вай, раҳматӣ, худаш ду дидаи ба назар ҳанўз бинояшро баста буд. Мегўянд, ки чашми майит кушода монад, аломати аз дунё норозӣ рафтанаш... Боз мегўянд, ки аксаран дидаи одами қалтабон... Наход ҳамин гап рост бошад?»

пешина
аз 551
навбатӣ