МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
«...Ҳамон рўзи охирин маротиба ба калхоз омаданаш низ ман ба Олимов гуфтам, ки як дам дар хонаам меҳмон шавад. Аммо вай «ташвиш накашед», – гуфта, бегоҳ дар пеши назарам ба ҳавлии шумо рафт. Ин кораш ба ман аз сад калтак сахттар расида, тамоми шаб хобам набурд. Ҷогаҳ бароям кафан шуда, нафасам тангӣ мекард. Шайтони раҷим аз сари китфам нафуромада, беист дар гўшам мехонд, ки наход ту баробари ҳамон тракторчии ифлос қадр надошта бошӣ!
Наход нону оши ту ҳаром бошад! Агар орият дорӣ, агар мардӣ, бихез, ту ҳам иззати нафси онҳоро ба таки по андоз, ҳеҷ натавонӣ, ба хонаи дўстиашон футур расон!.. Ҳамин хел мегуфт, ҳамсоя, шайтони лаин. Ва ман ба гапи вай даромада, аҳмақ шудаму рўз сафедӣ назада, аз канори боғ ба ҳавлиатон гузашта, сарулибоси Олимовро дуздидам. Аз кисааш ана ҳамин соати тилло ва камтар пули майда баромад.
Ман бовар доштам, ки баъд аз ин воқиа худатон дар маломат монда, муносибати ҳар дуи шумо ҳатман вайрон мешавад. Вале чунин нашуд. Ҳатто рўзи дигар як зоти дар гапкашӣ беустухонро ба кор андохта, аз хонаи Тўрон-тракторчӣ сарулибоси котиби райкомро дуздидаанд... гуён дар деҳа овоза паҳн кунондам. Боз... агарчи як дафъа ба Олимов гўё дар омади гап «кори нағз нашудааст. Тўрон ҳамин хел одат дорад, ба таваккал худаш таҳ задагист», – гуфтам, низ фоида набахшид. Вай фақат рўй турш кард ва ба ман халонда, иғвогарӣ кори одами сиҳат не, раис… гуфту норозиёна даст афшонд. Хулоса, шумоён боз ҳамон дўстони қарин будед...
Хайр, аз пушаймонӣ чӣ суд акнун? Хубаш... ҳоло ин соатро гиред, ҳамсоя; соати Олимов ин! Ягон вақт гузоратон ба Душанбе афтад, ба фарзандонаш мерасонед. Ҳазор дареғ, ки либосашро супурда наметавонам; нест либосаш. Ман онро пас аз як соли дуздии худ дар бозори шаҳр ба хоки сиёҳ иваз кардам...»
Вай аз нав ба Тўрон-тракторчӣ соатро нишон дод.
«...Гиред, ҳамсоя, гиред. Аз гуноҳам гузаред. Агар тавонед, розӣ шавед аз мани беимон. Як зарра бошад ҳам, аз ин дунё хотирҷамъ рафтан мехоҳам. Гиред, ҳамсоя, то метавонед, розӣ шавед...»
Тўрон-тракторчӣ гоҳ ба мўйсафед, ки нури беҳоли чашмонаш тадриҷан хомўш мегардид, ва гоҳ ба писару кампири ў, ки ҳар кадом ба таври худ дар таҳлука буданд, назари суол мепартофту маънӣ бурда наметавонист, – чаро вай ин қадар бетоқат шуда, маҳз соатро гаштаву баргашта нишон медиҳад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор