МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
ва дасти Воҳидро гирифта, ба тамкин гуфт:
– Гузаред, додарам, дар ҷоятон шинед. – Сипас ба тарафи модари ў, ки ҳолаташро тағйир надода, чашмонаш бефарқ, гаранг ба шавҳараш менигарист, рўй овард. – Камакак пахта диҳед.
Пиразан як қад парид ва инак ба ҷои ангушт лаб газида, чун соя бесадо ба пешгаҳ гузашт. Вай фақат ҳамин дам ба ҳасрат пай бурд: даҳшати кайҳо боз дар пушти дар интизор, ки пиразан ҳар рўз нафаси сарди онро шунида, зуд-зуд метарсид, охири охирон зада ба хона даромадааст.
Тўрон-тракторчӣ пахтаро дар пиёла тар карда, ба ҳалқи мўйсафед об чаконд. Аммо вай ба маънии «лозим не» сар ҷунбонд.
– Ором бошед, ҳамсоя, натарсед… Мегузарад.
Мўйсафед ба Воҳид чашм давонда, ба имову ишора болини худро нишон дод. Лекин писараш хоҳиши ўро нафаҳмид. Мўйсафед паҳлу гашт; дасташро ба зери болин бурда, соатро оҳиста гирифт. Баъд фурсате ба рўи Тўрон-тракторчӣ такдор нигариста, онро ночор дар наздаш монду гоҳ-гоҳ, то ки диққати ҳамсўҳбаташро сари вақт ба соат ҷалб кунад, дар ҷогаҳ ҷунбида, ангуштон ва чашму абрувонашро ба ҳаракат оварда, қариб ним соат гап зад.
«Ман дар пеши шумо гунаҳкорам, – мегуфт ў ба Тўронтракторчӣ. – Як замонҳо дар ҳаққатон бад карда будам. Сабабгори ин ҳамон ҷўраатон Олимов... Барои чӣ вай ба Тўрон, ба як тракторчии равғанолуд созу ба мани раис не? – гуфта, шабу рўз дарунамро мехўрдам. Чандин бор гўсфанд кушта, гарданам каҷ, ўро ба хонаам таклиф кардам. Лекин ҳар дафъа ягон баҳона ёфта, намеомад бачамард. Ҳа-а, одами зирак буд Олимов, маро бисёр бад медид...»
Мўйсафед аз чеҳраи ороми Тўрон-тракторчӣ чашм наканда, боз ба худ мегуфт, ки «вай ба ғурунг-ғурунги фосиладори ман гўш диҳад ҳам, чизе намефаҳмад». Бо вуҷуди ин ба умеде ки шояд соатро шинохта, аз рўи ҳавлиаш гум шудани сарулибоси Олимовро ба ёд орад, суханашро идома медод. Ў намедонист, ки Тўрон-тракторчӣ ҳеҷ гоҳ он соатро дар дасти Олимов надидааст, ё дида бошад ҳам, дар хотир нигоҳ надоштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор