МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ҳа, Тўронбек, ин хел... аспи Олимовро савор шудаед?
Чашмони муғулиаш сарднигоҳ ва беқарор, Назар ҳар дам ба соқи мўзаи худ асабӣ қамчин мезад.
Тўрон ба вай чӣ ҷавоб дод, ҳоло дар хотир надорад. Фақат ҳаминро медонад, ки гап ба гўшаш намедаромад, шитоб дошт. Бинобар ин ҳатто лаҷоми аспро накашида, аз пеши Назар беэътино гузарон шуд.
– Об, оо-б... – нола кард мўйсафед.
Хаёли Тўрон-тракторчӣ қатъ гардид.
Воҳид фавран об овард ва сари падарашро беозор дар кафи даст бардошта, лаби пиёларо ба лабаш бурд. Вале мўйсафед ба ғайр аз як қулт дигар нўшида натавонист; чанд қатра оби ба гулўяш нарафта аз кунҷи лабони борик ва бехуни ў таровида, дар байни тораҳои ришаш гум шуданд.
– Ҳамсоя, – гуфт Назар, боз сар ба болин ниҳода.
Ин лаҳза Тўрон-тракторчӣ тахмин мекард, ки шаб аз нисф гузаштааст.
– Ҳамсоя, – гуфт такроран мўйсафед.
– Лаббай, – ба бемор назари суол дўхт Тўрон.
– Медонед шуморо ман барои чӣ ҷеғ задам? – пурсид ў ва ҳамоно, чунон ки кадом узви баданаш сахт ба дард омада бошад, рўяшро каҷ карда, дуру дароз хомўш монд. Баъд забонаш гирифта-гирифта, худ ҷавоб дод: – Не, ҳам-м-м-соя, на-ме-е-до-нед. Ма-а-ан дар наз-ди шу-мо... бо-оз ҳа-мон...
Мўйсафед акнун ба чашмони пур аз ваҳм дар ҷогаҳаш беҳол ҷунбида, монанди оруе ки нохост ба кадуи холӣ ғалтидааст, беист ғинг-ғинг мекард. Вай чӣ мегўяд, фаҳмидан мушкил буд.
Рангаш сап-сафед канда, Воҳид ҷаста аз ҷой хесту ба китфи падараш даст бурда, саросема ва ба овози ларзон такрор ба такрор пурсид:
– Додо, чӣ шуд? Додо... чӣ шуд, додо?
Кампири мўйсафед ангушт газида, чун як чўби хушк рост меистод. Аз чеҳраи пурожанги дардмандаш ғайр аз ифодаҳои аранг намоёни таҳайюр дигар чизе хонда намешуд.
Овози Воҳид ҳамчунон меларзид:
– Додо, чӣ шуд? Додо...
«Бечора, аз забон монд», – ақида кард Тўрон-тракторчӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор