Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

як гўшаи кат нишасту гиребонашро маҳкам дошта:
– Тавба! – гуфт.
Пас аз лаҳзае парида аз ҷой хест.
– Шояд бачаҳо алалэҳтиёт...
Тўрон суханашро ба охир нарасонда, саросема хона даромад; занашро пурсид, бачаҳояшро пурсид, вале... маъюс ва дасти холӣ баргашт.
– Хафа нашавед, – ба шонаи ў даст ниҳод Олимов. – Гуноҳи шумо чӣ?.. Ба ақидаи ман ин кори ягон одами разил, касиф. Мақсадаш дар байни мо хунукӣ андохтан... – Вай сар ба болин гузошта, пешониашро каме молид. – Лекин кист ҳамон нохалаф? Хайр... ҳар кӣ бошад, беҳуда кўшидааст.
– Наход аз ғазаби худо натарсад! – нидо кард оҳиста Тўрон, дар он саҳари ба фикраш бефайз… нахустин бор рост ба чашмони дўсташ нигариста.
Аммо ин сухани зоҳиран ороми ў дар асл фарёди пурнафрини шахсе буд, ки сахт таҳқир дида, дар ҷавоб гардондан ба чунин кирдори номардона лоилоҷ мондааст.
Олимов даст афшонда, гуфт:
– Дилатонро хун накунед, дўстам. Садқаи сар... Аз чӣ хиҷолат мекашед? Баръакс хурсанд шавед, ки дар ин дунё як одами шуморо бад медидагӣ ҳел-ҳел гаштааст.
Ҳарчанд сухани охирини ўро дуруст нафаҳмид, Тўрон қадре ба худ омад.
– Дар кисаатон ҳуҷҷат набуд?
– Не, – хандид Олимов. – Аламаш камтар... Хайр, ба гузашта салавот. Ягон пўшоки зиёдатӣ дошта бошед, биёред…
ман хезам.
Тўрон як шими обшуста, ҷома ва калўш овард.
– Акнун кӣ карду куҷо кард гуфта шиштан фоида надорад. Вақт ғанимат, аспро савор шуда, зуд хона равед. Аҳволро ба модари бачаҳо мулоим фаҳмонда, сарулибоси маро гирифта биёед. Лекин эҳтиёт бошед, ки аз ин ҳодиса ҳеҷ кас пай набарад, – гуфт Олимов ва ҷомаро ба китф партофта, вазнин поини ҳавлӣ рафт.
Ҳангоме ки либосҳои ўро ба хўрҷин андохта, Тўрон аз маркази ноҳия табъаш ҳамчунон хира бармегашт, дар назди идораи калхоз ба Назар рўбарў омад.

пешина
аз 551
навбатӣ