МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Чарминапўш як марди батааммули ширинсухан баромад.
Тўрон ҳамон шаб фаҳмид, ки вай котиби нави камитети партиявии ноҳия Олимов буда, он рўзе тифоқо дар миёни дара вохўрданд, оилаи худро гирифта, аз шаҳр ба ин ҷо кўчида меомадааст. Минбаъд... ситораашон пайванд ёфт магар, онҳо ба ҳам аҳди дўстӣ баста, аз ҳоли якдигар зуд-зуд хабардор мешуданд.
Боре дар хонаи Тўрон-тракторчӣ ба дасти кадом нохалаф буд, ки як ҳодисаи бисёр паст рўй дода, ўро дар пеши Олимов мулзаму хиҷолатманд кард; замин накафид, ки дарояд. То ҳол вай он саҳари тобистонро дар ёд орад, гиребонашро дошта, ба худ мегўяд: «Агар фарзанди одам ба кўи бахилӣ афтад, рафту дар қасди ба пои касе табар задан бошад, аз ҳеҷ қабоҳат – қабоҳате ки ҳатто дар тасаввур гунҷиданаш душвор, рўй наметофтааст. Ман, охир, ҷави киро хом даравида будам, ки ба чунин номардӣ аз дўстам ҷудо кардан хостанд? Аҷаб, худои карим ба яке дил додааст, ба дигаре пораи санг...»
Он воқиа дар фасли тобистон ба вуқўъ пайваст. Бале, вақте ки Олимов (ҳамон шабу рўз баъзеҳо дар ҳаққи ў «мерафтааст, ба шаҳр... ба мансаби калон мерафтааст», – гўён пичир-пичир доштанд) тахмин пеш аз як моҳи дар Душанбе ба кор таъин шудани худ дар кадом ташвиш ба калхоз омаду бегоҳ, азбаски торикӣ фуромада буд, бозпас ба маркази ноҳия нарафта, дар хонаи вай, дар тахтакати саҳни ҳавлиаш хоб мекард, ногаҳон... Тўрон субҳи содиқ аз хоб хеста, дар замини рўидарича юнучқа медаравид, ки Олимов ўро аз ҷогаҳаш, аз болои кат, ба овози паст ҷеғ зад. Досу як қабза юнучқаи дасташро ба сўе монда, Тўрон зуд дар назди тахтакат ҳозир шуд.
– Либоси ман нест...
– Ҳазл накунед, – бовараш наомада, гуфт ў ҳайрон.
Олимов ба такяи кат ишора намуд.
– Ҳамин ҷо буд, лекин ана, гум...
Тўрон ба гирду пеши тахтакат чашм давонд ва дар ҳақиқат либосҳои ўро надида, ҳуш аз сараш парид; лоҷарам рангаш канд, ҳатто ларзид кам-кам. Хаёлаш, ки замин аз таки пояш рафта, дунё дар назараш торик шуд. Вай беҳол ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор