МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Оилаатон? – ба кабина ишора намуда, дилтанг пурсид ў аз ҳамон мард.
– Бале, писарчаам, модараш...
– Мебарорем! – такрор кард Тўрон.
Мард ба завқ хандид.
Тўрон дар бари ронанда истода, симтаноби мошинро ба трактор баст. Пас аз он ки вай маторро ба кор андохт, дар як савқи табиӣ аз умқи ҷигар «ё Алӣ!» – гўён тракторро ҳай кард. Мошин ду-се бор канда-канда ғуридаву такон хўрда, чархҳояшро аз чанги мағок озод канда гирифт ва аз қафои трактор кашола шуда, понздаҳ-бист қадам пеш рафт.
Тўрон тракторро нигоҳ дошт.
Мард тохта назди ў омад ва кию чикора буданашро пурсида, ҳамчунон дар табассум:
– Насиб бошад, минбаъд паҳлу ба паҳлу кор мекунем, – гуфт. – Ман шуморо ҳатман меёбам.
Сипас қафо гашта, ҷалд ба мошин савор шуд; дар пушти кабина рўи чодар нишаста, дарҳол гиребони чарминаашро бардошт.
– Ташаккур, бародар! – ин овози ронанда буд.
Вай симтанобро аз трактор кушода гирифту даста карда, ба чангакҳои шохмонанди пеши мошин баст ва кафҳои хунукхўрдаашро ба ҳам совида, дари кабинаро боз намуд…
Мошин пас аз дақиқае ба раҳ даромада, аз паҳлуи трактор, ки Тўрон зуд дар ҳаракат оварда буд, гузашта рафт. Мард аз болои он як лаҳза ба ҷониби ў даст афшонд.
Чанд ҳафта баъд... рўзи истироҳат, қариби бегоҳ, ҳамон марди чарминапўш ва ҳамин Назар ногаҳон дар ҳавлии Тўрон пайдо шуданд.
– Дар хотиратон бошад, ваъда карда будам, ки шуморо ҳатман меёбам. Ана ман... – гуфт мард, дасти шахшўли Тўронро самимона фишурда.
– Хуш омадед!
Вай онҳоро, чеҳрааш сидқан шукуфон, ба дари меҳмонхона ҳидоят намуд.
Тўрон-тракторчӣ аз худи айёми ҷавонӣ Назарро хуш намекард. Он бегоҳ низ аз ҳузури ў дарун-дарун табъаш мекоҳид; бо вуҷуди ин сир бой надода, ҳурмати ана ин меҳмон гуфта, хурсанд обу ош фармуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор