Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тўрон гашти рўз ба Даҳбед расид. Баъди соате дар як идораи он ҷо – ҳоло дар хотир надорад, ки вай кадом сохтор буд, – ҳуҷҷатҳои тракторро тахт карда, дар назди оташдон каме гарм шуд ва аз ноне ки ҳамроҳ оварда буд, нимтаашро ба як коса оби хунук хўрда, ними дигарашро аз таки чакман боз ба миён басту аз майдони кушоди дуртар аз истгоҳи раҳи поезд тракторро гирифта, фавран қафо гашт.
Ў аз мобайни дараи пурбарф ба эҳтиёт «аспи оҳанин» меронду аз хурсандӣ дар куртааш намегунҷид. Дастони бақувваташ аз ғояти ҳаяҷон буд, ё аз тазйиқи сармо... ноаён меларзиданд. Воқиан, чаро ба ҳаяҷон наояд? Вай акнун савори ин трактори девбанд мустақил замин меронад. Дар як рўз камаш кори даҳ-дувоздаҳ ҷуфт барзагавро бемалол ба сомон мерасонад.
Танҳо худаш...
Дар чунин хаёлҳо Тўрон қариб чоряки масофаро тай карда, ногаҳон ба мошине вохўрд, ки чархҳои ақибаш ба мағоки пурлой дармонда буданд. Бори мошин баланд; дар назди он ду нафар парешон меистоданд. Аз гўшаҳои чодари сиёҳи обнагузар, ки дар болои мошин кашидаанд, ҷо-ҷо асбобу анҷоми рўзгор ба назар менамуд.
Тўрон тракторро нигоҳ дошта, чобук ба замин фуромад.
– Чӣ шуд?
Яке аз он ду нафар – дар қиёс ронанда – рўҳ гирифта, акнун ҷавоб гардондан мехост, ки шарикаш, марди чарминапўши пуррапайкар ва баландқомат, аввал барои вохўрдӣ даст дароз карда, пас ба тамкин гуфт:
– Ана аҳволамон – илоҷи баровардан нест, ду соат боз ҷон меканем.
– Мебарорем, – табассум кард Тўрон.
– Мо ҳам аз дур шуморо дида… мегуфтем, ки то ёрӣ надиҳад, гузаштан намемонем, – низ дар табассум калла ҷунбонд чарминапўш.
Тўрон мошинро як давр зад ва чашмаш дар кабина ба зани кўдакдоре афтида, аз дил гузаронд, ки эҳтимол бечораҳо дар ин сармо хуб азоб кашидаанд.

пешина
аз 551
навбатӣ