Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд канда-канда гуфт: – Олимови котиби райком... Ба хонаатон бисёр меомад. Хато накунам, парерсол ҳам шуморо хабар гирифта буд. Ба хаёлам то ҳол рафтуомад доред, а?
– Ҳа-а, – сар хорид Тўрон-тракторчӣ, ки ба рўяш сояи таассуф мелағжид. – Олимов аз ноҳияи мо... соли чилум рафт.
– Душанбе рафта буд?
– Бале, – акнун лаб газид ў. – Қариб ҳафт сол дар ҳамин ноҳия роҳбарӣ кард. Шумо он вақтҳо раис будед. Дар хотиратон бошад, раҳматӣ... аз барои кор ҷонашро дареғ намедошт.
– Раҳматӣ гуфтед?!
– Ҳа, порсол вай аз олам гузашт.
– Э афсўс! Одами калон шуда рафта буд, а?
– Ҳа-а, калон... – нимғурма ҷавоб гардонд Тўрон-тракторчӣ. – Хоксор буд, ба ҳама баробар буд.
– Ғам нахўред, ҳамсоя, ин дунё ҳамин хел бевафо!
Мўйсафед лаб фурў баст.
Акнун Тўрон-тракторчӣ ҳам чизе намегуфт.
Воҳид ғамгин менишаст.
Хонаро як хомўшии гарон фаро гирифта буд. Онро фақат номураттаб нафас кашидани мўйсафед, ки гоҳо чашмони тирааш беҷо мешуданд, халалдор месохт.
Тўрон-тракторчӣ, дилаш аз зикри Олимов ба фиғон омада, дар зери сукунати сарди хона беихтиёр он бегоҳирўзи анҷоми соли сиву серо, ки ба ў шинос шуда буд, пеши назар меовард. Аз чӣ бошад, вай ин воқиаро ғайр аз рўзи вафоти Олимов дигар ҳеҷ гоҳ ёд накардааст.
– Ман аз ҳамон ҷўраатон мудом хавф мебурдам. Раҳматӣ… ба ман намепухт, лекин одами нағз буд, – гуфт мўйсафед, хеле зўр зада. – Шумо ба вай, агар хато накунам, соле ки... уф... аз Даҳбед трактор меовардед, тифоқо шинос шудед.
– Рост, тасодуфан...
...Дар як рўзи зимистони охири ҳамон сол, вақти бомдод, ў савори аробаи кирокаш раҳи Даҳбедро пеш гирифт. Ҳаво хунук буд, чаппаву роста барф меборид. Дар болои сар тундбоди сахт ғуввос зада, ба устухонҳои кас кора мекард. Бо вуҷуди ин аспҳои ҷавмаст, ки ёлу думашон тадриҷан шўша мебастанд, гўё аз дами сармо халосӣ ҷуста, аробаи шалақро дар ҷадал пеш мебурданд.

пешина
аз 551
навбатӣ