МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Бо вуҷуди ин Тўронро мардум то алҳол Тўрон-тракторчӣ мегўянд.
– Тавба кардам ба даргоҳат, худоё! Тавба... – маҳзун нолид мўйсафед.
Тўрон-тракторчӣ дар тараҳҳум ба вай чашм дўхт.
– Ҳарчи сабукед?
– Як навъ, ҳамсоя... Ба ҳамин дами додааш шукр, – гуфт мўйсафед ва пас аз фурсате канда-канда илова намуд: – Воҳидҷонро ба талабатон фиристодам... Омадед, сарам ба осмон расид.
– Бе ин ҳам худам гузашта, ба шумо чорта чақ-чақ карданӣ будам, ки усто Салим ҷеғ зада хонааш бурд; кори зарур доштааст. То аз он ҷо баргаштам… бевақт шуд.
– Ман аз шумо ҳазор маротиба розӣ. Лекин... чӣ гўям?
Сад дареғ, ки дигар дили бутун надорам. На чақ-чақ карда метавонам, на ҳазлу шўхӣ...
– Оқибати ноумедӣ хуб не, ҳамсоя. Худо хоҳад, боз ба по мехезед. Дарди ҷонвар ба тани кас дурўза меҳмон. Беҳуда нагуфтаанд: одамизод дар як пўст чанд бор фарбеҳу чанд бор лоғар мешавад.
– Ҳамин тавру...
Мўйсафедро сурфа гирифт. Баъде ки сурфааш монда, андак нафас рост кард, вай хост ба Тўрон-тракторчӣ бигўяд:
«Ин дард ба тани ман дуру дароз меҳмон шуд. Акнун то маро ба хок набарад, намерафтагӣ барин. Хайр, дигар тобу тавон ҳам надорам, вақташ расид...» Вале мўйсафед, ки мақсадаш ҳар чи зудтар рози дил шикастан буд, инро гуфта натавонист. Ба ҷои ин, агарчи худаш медонист, пурсид:
– Олимов аз ноҳияи мо соли чандум рафт?
– Кадом Олимов? – нафаҳмид Тўрон-тракторчӣ.
– Ҳо-о ҷўраатон буд-ку, котиби райком... Шаб хоб бинам, ҳамон одам, сару либосаш сап-сафед, дар кадом боғи калон мегаштаасту ба ман нигоҳ карда, мулло Назар, биёед ба боғи мо, кўчида биёед, ҳо ана он кулбаро ба шумо медиҳем гуфта, як чордевори валангорро нишон медодааст. Ман розӣ набошам ҳам, маҳкам аз дастам гирифта, не нагўед, мулло Назар, акнун фурсати ҳамсоягӣ расид гуфта, маро ба зўрӣ тарафи он чордевор мебурдааст... – Вай давоми ин хобашро, ки худи ҳозир, то барои аз Олимов гап кушодан восита шавад, беибо фикр карда бароварда буд, ба забон оварда натавониста, муддате лаб лесид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор