МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Хуш омадед...
– Хушвақт бошед!
Тўрон-тракторчӣ як мўйсафеди ситорагарми миёнақад ва шонапаҳн буда, дастони дароз-дарози бақувват ва ба онҳо мувофиқ кафҳои фарох дошт. Бурути сап-сафеди ғафс ва абрувони мошубиринҷи вай ба рўи кулчаи гандумгун ва пешонии баландаш, ки дар он якта-нимта чини борик мехобид, мутаносиб буданд. Чашмони мешии нармнигоҳаш ба дараҷае зинда ва чеҳраи ҳанўз серобаш то андозае дилкаш метофтанд, ки агар «ҳамин мард шаступанҷсола», – гўянд, ба ҳеҷ ваҷҳ бовари кас намеомад. Ў баъди сӣ соли тракторчигӣ...
ниҳоят панҷ сол муқаддам ба нафақа баромада буд. Ҳарчанд ҳамон вақт инҷониб гашта ба трактор савор нашудааст, мардум то ҳол Тўрон-тракторчӣ мегўянд мўйсафедро.
Баъзан вай дар ҳайрат мемонад: чаро бисёр тракторчиҳои навбаромадро фалон-тракторчӣ, ё дур наравад, писараш Аъзамро, ки пешаи ў низ чанд сол боз ҳамин аст, Аъзам-тракторчӣ намегўянду номи Тўронро ҳатман ба иловаи собиқ касбаш ба забон меоранд?
Сабаб – вай дар музофот аввалин шахсе буд, ки мактаби механизаторҳоро хатм намуда, нахустин трактори аз маркази вилоят хоса барои калхоз омадаро аз истгоҳи поезд, қариб аз ҳаштод километр гузари носози дара... худаш ҳай карда овард. Он замонҳо ҳамин Назар, мўйсафеди ҳоло дардманд, раиси хоҷагӣ буд. Дар он айём агар номаш калхоз як трактор дошта бошад, хоҷагии баобрў ҳисоб меёфт. (Дуруст аст, ки баъдтар, аз байн соле гузашта ё нагузашта, азбаски калхозҳо бисёр хурд буданд, дар ноҳияи онҳо низ эмтээс ташкил гардиду Тўрон ба трактораш дар ихтиёри он сохтор монда, пас аз чанд сол, баъди аз байн рафтани эмтээсҳо, боз ба калхоз баргашт.) Акнун хоҷагиҳои давлат дигар шудаанд, – фикр мекард ў, – одамон барин... Имрўз як калхоз аз як ва ҳатто аз ду ноҳияи пештара бақувваттар аст: мошину трактораш ҳисоб надорад. Гоҳо худи вай, ки гуфтан мумкин молу мулки хоҷагиашонро нағз медонад, ҳисоби мошину тракторҳои онро гум мекунад. Бале, дар замонаш гапу кор дигар буд, акнун дигар шудааст, хеле тағйир ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор