МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Барои чӣ Назар пештар намедонист, ё донад ҳам, фикр намекард, ки одамизод дар роҳи охираташ ба ду дасти холӣ меравад?
«Ту бемағзӣ, – гуфт ба худ мўйсафед. – Дина ин чизҳоро ба кампират супурда, ҳушёр фармудӣ, ки пас аз маргат ба Воҳид диҳад. Лекин наандешидӣ – онҳо ақалан як бор ба дардат нахўрданду оё ба дарди писарат рўзе даво мешаванд?
Не албатта... Ту фаромўш кардаӣ, ки моли ҳаром вафо надорад, – мегуфт ҳатто падарат».
Вай ба пиразан нигарист ва низ оҳ кашида, ба хоса таъкид фаҳмонд:
– Соатро дар таки болинам мон. Дигарашро ғундор. Баъд аз сари ман ихтиёри ин чизҳо дар дасти ту, дар дасти писарат...
Ҳар чӣ хоҳед, кунед. Худат медонӣ-ку: ҳамааш моли ҳаром!
Сипас чашмонашро пўшиду ба беҳузур шудани дилаш эътибор надода, аз думи хаёле рафт, ки ҳоло Тўрон-тракторчӣ пайдо шавад, ў дар бораи он воқиаи нохуш чӣ тавр гап мекушояд. Вай як одами феълаш тез. Оё ранҷида, ба мўйсафед дар дами вопасинаш гапи сахт намегўяд? Оё дарди дили ўро мефаҳмад? Мефаҳмад, ки Назар аз тариқи ин кори худ барои ҳама гуноҳҳои дигараш низ узр пурсиданист?..
Вақте ки Воҳид ҳамроҳи Тўрон-тракторчӣ ба хона даромад, мўйсафед дастонашро дар рўи сина болоиҳам гузошта, ба чашмони ҳамчунон пўшида ором мехобид. Чеҳрааш карахт ва бағоят хунук буд. Кас агар аз нафасгирии номураттаб канда-канда дамидани сари сина ва баробари он қадре ларзидани куртаи қаймоқсуфи ўро намедид, яқин гумон мебурд, ки гармӣ пайкари табоҳи мўйсафедро кайҳо тарк намудааст.
– Гузаред, амак, – гуфт Воҳид, ба Тўрон-тракторчӣ аз пешгаҳ ҷой нишон дода.
Мўйсафед, агарчи ба хона даромадани онҳо ва зуд ба по хестани кампирашро ҳис кард, мисле ки маҳз овози писарашро шунида, нав аз хоб бедор шуда бошад, баъди як-ду дақиқа чашм кушод. Ва нигоҳи беифодааш ба нигоҳи ҳолпурси Тўрон-тракторчӣ бархўрда, аз болин сар бардоштан хост.
Аммо мадораш нарасид.
– Наҷунбед, ҳамсоя, наҷунбед, – гуфт дилсўзона Тўронтракторчӣ, ки дарҳол зону зада, акнун дар кўрпачаи назди бемор менишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор