Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳамон халтачаро ин ҷо биёр.
– Кадом?.. – нафаҳмид пиразан.
– Дина дода будам.
– Гўр ҳушам шавад, фаромўш кардаам, – гуфт ў ва бархоста, аз таҳмон, аз қати қолини зери кўрпаву кўрпачаҳо, як халтачаи чармихомии равғанхўрдаро, ки даҳонаш маҳкам баста буд, базўр гирифта, назди шавҳараш монд.
– Шин...
Пиразан оҳиста нишаст.
Мўйсафед банди халтачаро кушоданӣ шуда, фурсате ҷунбуҷўл дошт. Аммо натавонист: ангуштони хушку бемадораш ба вай итоат накарда, барги бед барин меларзиданд. Ниҳоят аз халтача даст кашид ва гуфт:
– Кушо...
Дина мўйсафед дар азоб аз ҷогаҳаш хеста, ҳамин халтачаи бадрамонандро аз сўрохии гўшаболори анбор, ки онро худаш чанд сол пеш барои пинҳон доштани баъзе «чизҳои дар рўзи сиёҳ даркораш» махсус кофта буд, берун оварда, ба кампираш дод. Ва ба нигоҳи суоломези ў ҷавоб гардонд:
– Рафту пагоҳ қарзи бандагиро ба ҷо гузорам, инро ба Воҳид супор; гўй, ки бисоти падарат, насиби ту будааст.
...Пиразан халтачаро кушода, ба маънии «боз чӣ кор кунам?» аз шавҳараш чашм намеканд.
– Холӣ кун.
– Дар болои гилем?!
– Бале.
Пиразан халтачаро холӣ кард ва амиқ як оҳ кашида, аз нав дар ҷояш нишаст.
Мўйсафед ба ду даста пули бино монда, ба риштаи ғафс бастаи яктааш фақат панҷоҳсўмаву дигараш биступанҷсўма, чанд ангуштарину дастпонаи тилло ва соати кисагии қадима, ки сарпўшаку занҷирчаи нозук дошта, низ тиллоӣ буд, фурсате назар дўхта, бадард андешид: аз соҳибони ин ангуштарину дастпонаҳо, ки ҳар кадомашро вай дар замони ҷанг ба ивази ду-секило ғалла, ё худ ду-се газ карбос ба чанг оварда буд, ҳоло аксарият дар қайди ҳаёт нестанд. Қисми зиёди ана ин ҳашт ҳазор сўм низ ҳаром аст.

пешина
аз 551
навбатӣ