Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Замоне Тўрон-тракторчӣ дар як маҷлис «аз даматон фуроед, мўҳтарам Ҷобиров. Зиндагӣ чумчаи банавбат, имрўз дар ихтиёри шумо бошад, пагоҳ дар ихтиёри каси дигар», – гуфта, эҳтимол ҳамин рўзи Назарро пеши чашм дошт? Ҳар оина... гапи Тўрон рост будааст. Зиндагӣ агар чумчаи банавбат набошад, баъдтар оё ҳашт калхозро якта карда, ба дасти Султони бесару бекас месупурданд? Тавба! Назар дар он маҷлис ба гапи Тўрон-тракторчӣ дар заҳрханд гўш медоду «аҳмақ будаӣ ту зоташ паст, – мегуфт дар дил. – То даме ки худо маро бандааш мехонад, давр меронам. Рафту ягон рўз аз аспу амал фуроям ҳам, пул ки дорам, ғам намехўрам.
Ту ба ман кордор набош; ту бемалол носатро кашида, дар ҳамон трактори шалақ кашола шуда гаштан гир!»
Вале имрўз мўйсафед нохост фаҳмид: дар зиндагӣ ҳам Тўрон ва ҳам они дигар, ки ў аҳмақашон меномид, аҳмақ набудаанд; худаш соф аҳмақ будааст. То алҳол пай намебурдааст, ки тамоми умр аз ҳар кирдори бадаш бе мулоҳиза чашм пўшида, буду шуди худро ба доми фиреб андохтааст.
Инчунин вай эҳсос намуд – агар ҳозир дарди дилашро ба ягон кас нагўяд, ё ҳеҷ набошад, аз ягон нафари онҳое ки дар ҳаққашон бадиву бахилӣ карда буд, узр напурсад, дар гўраш ҳам дигар ором гирифта наметавонад.
Ба хона писараш даромад.
– Рафт? – пурсид мўйсафед, нигоҳашро аз ў гурезонда.
– Ҳа-а... – гуфт Воҳид.
– Барои чӣ ин қадар зуд?
– Саросема буд, кораш бисёр.
– Хайр... Тўрон-тракторчӣ дар хонааш бошад?
– Намедонам.
– Рафта як хабар гир, писарам. Бошад... гўй, ки аҳволи падарам бад, шуморо мепурсанд.
– Хуб.
Воҳид дар тавозўъ аз хона баромад.
Мўйсафед ба тарафи кампираш, ки такя ба девор дода, пакару андешаманд менишаст, назари хоҳиш давонд. Пиразан нигоҳи ўро ҳис кард ва гўё садои ногаҳоне хаёлашро бурида бошад, бесаришта як ҷунбид. Пас гўшу ҳуш гардида, ба мўйсафед чашм дўхт.

пешина
аз 551
навбатӣ