МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Мегиристу мегирист.
Тахмин понздаҳ-бист дақиқа пас зан ба рўи ҳавлӣ баромада, фурсате беҳаракат истод. Баъд рафта... ба хараки зери маҷнунбед нишаст. Инак чеҳраи зебояш хандон набуд. Гесувонаш кушода ва парешон; китфонаш саҳл меларзиданд. Ба пеши пояш назар дўхта, вай дар муҳити навдаҳои ба мисли худаш ғамгин ва сархами маҷнунбед...
Пакару озурда менишаст; рўймолчаи дар дасташ ғиҷимро ҳар замон ба чашмонаш мебурд.
Писарак бетоқат шуд.
Оби дидаашро ба муштчаҳои сардаш ситурда, дар як беҷуръатӣ ва шарму ҳаё поин фуромад. Аввал дар дами дар истода, қариб мижа назада, муддате ба сўи зан нигарист.
Аммо вай инро ҳис накард.
Ақалан сар набардошт...
Баъд писарак аз паҳлуи ў ба харак нишаст. Чунон оҳиста нишаст, ки зан ҳатто наҷунбид – чӣ хел омаданашро яқин пай набурд.
Фақат мегиристу оби дидаашро пок мекард.
Ва боз мегирист.
Дар саҳни ҳавлӣ ба ғайр аз онҳо дигар касе набуд.
Китфони хушқолабаш гоҳ-гоҳ дар шинухез… Зан аз пеши пояш ҳамчунон сар намебардошт.
Писарак бе ягон ҳаракат шах шуда менишаст. Намедонист, ки чӣ гўяд, чӣ тавр ўро тасаллӣ диҳад.
Ниҳоят вай...
Аз болои куртааш...
Пои сафед ва бисёр зебои занро маҳин сила кард.
Зан як қад парида, ба писарак нигарист. Бари рўяш кабудтоб ва саҳле варамида буд.
– Ҳа-а-а?
– Ман... ма-ан шуморо... нағз мебинам.
– Чӣ?! – чашмонаш суп-сурх, аз ин ҳарфи писарак беихтиёр хандид ў.
– Рост мегўям... гиря накунед. Ягон рўз ман аз вай қасди шуморо мегирам. Фақат гиря накунед...
Зан дигар нахандида ва ҳайрон шуда, лаҳзае ба писарак назар дўхт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор