МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Падараш Музаффарро дар бари дарвоза интизор буд.
– Ҳа, писарам, холӣ омадӣ?
– Агар чорсаду панҷоҳ сўм барам, аз анбори калхоз ягон халта ҷав ёфта медодааст.
– Ҳамин тавр гуфт?
– Ҳа-а, худаш дар рўи ҳавлӣ гандум тоза мекард...
Падар ба азоб хандид ва дигар лаб накушод. Фақат ўро бардошта, беозор аз хар фуроварду нарм ба оғўш кашид.
Он бегоҳ Музаффар баъди аз ҷанг баргаштани пуштибонаш нахустин бор ба тамоми овоз талх гирист.
– Очааш!
Аз ин нидои баланд Музаффар ба худ омад.
– Лаббай! – шунида шуд аз даруни хона.
– Ҳамон пули ба рўзи мабодо пасандоз кардаамонро ин ҷо биёр.
Модар як бастаи хурдро хомўш дар пеши Насим-амак гузошт ва чун соя онтарафтар рафта, сараш андак хам, хаёлманд нишаст.
Насим-амак бастаро кушод.
Музаффар ба Сайфиддинов нигарист. Дар симои то ҳол карахти вай хун давида, чашмони танг-танги кабудаш хушнуд бозӣ мекарданд.
– Мана, Хоҷабой, буду шудаш ҳамин. Якҳазору шашсад сўм... Ба ҳар эҳтимол кам-кам ҷамъ меовардем. Одамизод намедонад фардо чӣ пешомад дорад... Ду рўз пас бозор...
Модагавам ба фурўш равад, боз чорсад сўм медиҳам.
– Илоҳӣ якатон ҳазор гардад. Маро ҳам худо ба рўзҳои нек расонаду дасту остин барзада, дар хизмати шумо бошам.
Сайфиддинов пулро филҳол ба киса андохта, саросема бархост.
Насим-амак ҳам аз ҷой хеста, калўшашро пўшид, ки меҳмонро гусел кунад.
Аммо Музаффару модараш наҷунбиданд.
– Хайр, додар! Хайр, апа!
Сайфиддинов пеш-пеш, Насим-амак аз қафои ў ба ҷониби дарвоза рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор